Мулоқоти Зоиров бо Абдуфаттоҳи Ғоиб баъди шикоятҳо ба президент
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов ҳимоят мекунад, ахиран бо Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди кишвар мулоқот намудааст.
Ин мулоқот баъди шикояти Зоиров аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбеи 30-юми август сурат гирифта, ба иттилои Зоиров ҳудуди 2 соат идома кард.
Зоиров афзуд, дар ин мулоқот Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кардааст, ки барои таъмини қонуният дар қазияи Шуҳрат Қудратов талош мекунад. Ин ҳуқуқшинос аз ифшои ҷузъиёти бештари ин мулоқот худдорӣ карда, афзуд, зимни он қарор шуд, ҷонибҳо ҷузъиётро то анҷоми тафтишот эълон намекунанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан оқои Зоиров тариқи як нома аз зиёдаравии Абдуфаттоҳи Ғоиб – раҳбари Оҷонси мубориза бо коррупсия шикоят карда, аз раиси ҷумҳур хостааст, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ бигирад.
Зоиров навишта буд, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар дар робита ба қазияи муовини боздоштшудааш, вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ба қонуншиканиҳо роҳ дода, бе ҳукми суд ӯро гунаҳкор арзёбӣ карда, зиёдаравӣ мекунад: “Ба гуфтор, рафтор ва амали раиси Оҷонсӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”,-тақозо шудааст дар номаи раиси ҲСДТ аз президент Раҳмон.
Шӯҳрат Қудратов дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи Фирдавсии пойтахт тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мемонад. Оҷонсӣ ӯро барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муттуҳам медонад ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод дар нишасти ахири матбуотяиш гуфта буд, дар сурати таъйиди ин иттиҳом Қудратов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.
Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |