Ҳалокати Дилмурод Назаров аз зарби корди ҳамватан дар Маскав
Дар пайи задухурди гуруҳи моҳуҷирони кории тоҷик дар шаҳри Маскав сокини 22-солаи ноҳияи Шаҳритус ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора Каромат Шарипов, раиси Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст, ки ин ҳодиса рӯзи 31 августи соли ҷорӣ тахминан соати 4-и субҳ дар тарабхонаи “Лунф ноч”-и Маскав рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин задухӯрд Дилмурод Назаров – сокини 22 солаи ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз захми корди ҳамватани худ ҷон додааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |