Паёми Раҳмон ба Каримов: Ҳамкориро бештар кунем!
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми сентябр бо ирсоли як паём ба ҳамтои узбакаш, Ислом Каримов тамоми мардуми Узбакистонро ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияташон табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз ҷумла таъкид кардааст, ки барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Узбакистон аҳамияти муҳим доранд: “Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобилаем, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд.”
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо зикри анъанаҳои таърихии дӯстона, изҳори ният кардааст, ки тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ месозад: “Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад.”
Дар ниҳоят раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ислом Абдуғаниевич саломатӣ, хушбахтию комёбӣ ва ба мардуми Узбакистон-сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоиро таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |