Додгоҳ қазияи Зокировро баъди ҷашни Истиқлол баррасӣ мекунад
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ аллайҳи Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ, Зайд Саидовро ба анҷом расонида, онро ба додгоҳ ирсол намудааст. Дар ин бора Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик аз қавли вакилони дифои Зокиров хабар дода, афзуд оғози мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баъд аз 9 сентябр дар назар аст.
Фахриддин Зокиров шаби 6 март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Қаблан Зокиров дар суҳбате бо Исҳоқ Табаров, вакили дигари Зайд Саидов боздошташро ба фаъолияти касбияш, аз ҷумла ҳимояти ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик рабт дода буд. Расман, Зокиров ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |