АКС: Харбузаи Узбакистон-“қаҳрамон”-и Иди харбуза ва асал дар Тоҷикистон

Дар Иди асал ва харбуза-2014, ки имрӯз, 30-юми август дар Тоҷикистон таҷлил гардид, харбузаи Узбакистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Харбузаҳои калони кишвари ҳамсоя тамошобинони намоишгоҳҳоро, ки дар чор бозори Душанбе ташкил гардид, ба худ ҷалб мекард. Аммо баъди фаҳмидани нархи харбузаҳои Узбакистон, ки то ба 40 сомонӣ мерасид, хариди харбузаҳои Зафарободу Панҷро ба ивази аз 6 то 12 сомонӣ авлотар медонистанд.
Тоҷире, ки харбузаҳояшро узбакистонӣ муаррифӣ карда, аз 20 то 40 сомонӣ мефурӯхт, дар шарҳи гаронии маҳсулоташ ба “Озодагон” гуфт, харбузаҳоро аз дигар даст гирифтааст ва барои овардан ба бозор заҳмати зиёд низ кашидааст: “Инҳоро хеле боэҳтиёт овардем, ки ягон ҷояшон зарб нахӯраду напӯсанд, чун баъзеҳо барои зимистон мегиранд. Хеле бомазаанд, нархаш қимат ҳам бошад, арзанда аст. Охир, бинед чӣ хел калонанд?”.
Дар баробари харбуза имрӯз, дар Тоҷикистон иди асал низ таҷлил гардид, ки асосан истеҳсоли ватанӣ буда, килои он ба сокинони Душанбе ба ивази 35-40 сомонӣ пешниҳод шуд.
Дар ҳамин ҳол ҳарчанд масъулини Вазорати кишоварзӣ вақти анҷоми ярамарка-фурӯши Иди асал ва харбузаро соати 18-и 30-юми август гуфтанд, аммо дар бозорҳои пойтахт бисёри тоҷирон аллакай аз соати 12 ба 13 дӯконҳояшонро бастанд. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ дар ярмарка-фурӯши имрӯза кишоварзони навоҳии мухталифи кишвар барои сокинон 118 тонна асал, 145 тонна харбуза ва 375 тонна дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешкаш намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |