Оқибати амалиёт дар Ғазза: Заъфи Исроил ва иттиҳоди фаластиниҳо
Бобосӯфӣ РАУФОВ
Ҳамлаи як моҳи ахири Исроил ба Фаластин ба ҷойгоҳи ин давлат зарбаи сахт зад. Фаластин – сарзамине, ки вақте номашро мегирем, садои фарёди тифлон, нолаи занон, овози тиру мушакҳоро мешунавем. Фаластин - маконе, ки солиёни дароз дар онҷо беадолатӣ, зулму ситам фармонравоӣ мекунад. Фаластин – сарзамине, ки қиблаи якуми мусалмонон ҳисоб мешавад ва ҳоло дар зери пои сарбозон ва мошинҳои ҷангии Исроил ба вайронгоҳе табдил ёфтааст.
Ҳарчанд ҳамеша афроду гурӯҳҳое лоф аз паймони бародарӣ ва баробарӣ дар байни мусалмонон мезананд ва иддаои барқарории адолати исломиву ҳукумати исломӣ мекунанд, аммо... Ба назар мерасад вақте сухан дар бораи Фаластин меравад аксари ҷаҳони ислом хомӯш аст, гӯиё барои ҳамагон қатли кудакону занони фаластинӣ як воқеаи оддӣ шудааст.
Аз сӯи дигар созмонҳое, ки дар ҳадафи асосияшонро дифоъ аз сулҳ дар саросари ҷаҳон ва ҳимоят аз занону кудакон эълон кардаанд, барои Фаластин ҳеч коре намекунанд. Имрӯзҳо хоки Ғазза аз хуни мардуми бегуноҳ рангин шудаанд ва ҳар рӯз дар гӯшаи садои таркише шунида мешавад, аммо дар ин гӯша аз кураи хокӣ ҳаёт ҳамчунон идома дорад. Яъне бо ҳама талошу бераҳмиҳо режими саҳюнистӣ натавониста руҳи зиндагиро дар ниҳоди мардуми Фаластин бишканад ва онҳо сарбаландона аз ҳар ваҷаб сарзамини аҷдодияшон дифоъ мекунанду ба умеди фардои нек мушкилиҳоро пушти сар менамоянд. Артиши Исроил то ҳоло ҳазорон фаластиниро аз байн бурда аст, вале ин халқ бо дасти холӣ ҳамчунон дар муқобили ин артиши то дандон мусаллаҳ муқовимат мекунад. Ҳамакнун бештар аз як моҳ мешавад, ки артиши Исроил ҳамалоти худр ба Ғазза аз сари нав оғоз кардааст.
Ҳадафи Исроил аз ин ҳамла
Навори Ғазза минтақаи ҷангзадае аст, ки метавон гуфт дар онҷо дигар барои ҳамла кардану аз байн бурдан чизе вуҷуд надорад, зеро тайи чанд даҳаи ахир артиши Исроил ҳама чизро тахриб кардааст. Дар назари исроилиҳо ин ҳамла на ба шакли зӯроварӣ ва куштор, балки ҳифозат аз амнияти миллати худ аст. Дар асл чунин набудаву нест, зеро ҳадафи аслӣ бештар соҳиб шудан ба сарзаминҳои фаластиниён будаву ҳаст. Дар ин миён нидои бархе афроду созмонҳои минтақаиву байналмилалӣ ҳам аз сӯи мақомоти режими саҳюнистӣ нодида гирифта мешавад. Ба иборати дигар Исроил бо ин кори худ ба ҳамагон нишон дод, ки ҳеч созмони байналмилалӣ ва ҳеч кишваре наметавонад пеши ӯро гирад ва Исроил барои ба даст овардани ҳадафҳои худ аз тамоми гузинаҳои мавҷуд истифода хохад кард ва фарқе надорад, ки дигар кишварҳо ва расонаҳо дар ин бора чӣ фикр мекунанд ва чӣ мегӯянд.
Таъсири дохилӣ
Мақомоти режими саҳюнистӣ метавонад ба истифода аз дастгоҳҳои таблиғотӣ ва расонаҳои расмӣ ба мардум ин амали худро на ба шакли ҳамла, балки ҳамчун дифоъ аз амнияти миллӣ нишон диҳад ва метавонанд илова кунанд, агар ин корро намекардем дар оянда бароямон мушкилоти бисёре ба вуҷуд меомад. Албатта то имрӯз чунин талошҳо ба шакли густарда анҷом гирифтаву мегирад. Яъне онҳо мехоҳанд бо афсона бофтан дар бораи амнияти миллӣ фикри мардумро аз қазияи куштори фаластиниҳо дур нигоҳ доранд. Аммо ин талош дар дарозмуддат маҳкум ба шикаст аст. Зеро ҳамин ҳоло ҳам дар дохили Исроил афроду гуруҳҳое ҳастанд, ки мухолифи ҷанг бо фаластиниҳо мебошанд ва барои рушан кардани асли қазия талош доранд. Аз сӯи дигар, бино ба назари бархе коршиносон, Исроил мехост, ки тавони низомии худро як бори дигар ба кишварҳои минтақа нишон диҳад, то касе ҷуръати ҳамла кардан ба ӯро надошта бошад ва барои ҳамин бар зарараш ҳам ки бошад ба Ғазза ҳамла кард.
Таъсири ин ҳамла дар байни яҳудиёни берун аз Исроил
Ҳамла ба Ғазза нишон дод, он таблиғоте, ки Исроил дар шабакаҳои телевизионӣ барои муҳочират ба сарзамини торихӣ мекунад, дурӯғе беш нест, зеро амнияти комил то ҳоло барои яҳудиён фароҳам нашуда ва ин масъала метавонад ҷараёни муҳоҷирони яҳудӣ ба Исроилро кам кунад. Агарчи бархе афрод аз мардуми Исроил ҳоло дар фикри онанд, ки қудрати асосӣ дар минтақа будани Исроилро ба фаластиниҳо фаҳмонданд, вале ин масъаларо аз хотир набояд баровард, ки боз ҳам тайи муддати кутоҳе онҳо бояд омодаи ҷавоб аз тарафи Фаластин бошанд. Табиист, ки дар баробари нооромиҳо раванди муҳоҷирати баракс низ дар ҳоли густариш ёфтан аст, яъне яҳудиёни зиёде бо дилсард шудан аз афсонаҳои амният ва дар ҷустуҷӯи гӯшае амн барои зиндагӣ хоки Исроилро тарк мекунанд. Ин вазъият исбот мекунад, ки масъалаи Фаластин барои Исроил на як мушкил дар сатҳи давлат ё ки артиш, балки як масъалаи иҷтимоӣ аст. Агарчи силоҳҳои Ҳамос ва мардуми Фаластин дар баробари силоҳҳои артиши Исроил иқтидори зиёде надорад, вале руҳияи шикастнопазири ин мардум дар гӯша-гӯшаи Исроил дар дили мардум тарсу бим эҷод карда ва ба кучактарин таркиш дар шаҳрҳои Исроил мардум вокуниш нишон медиҳанд ва онҳоро тарс фаро мегирад. Бо мисол задани ин ҳолат бархе коршиносон ҷанбаи равонии ин вазъиятро омили асосӣ медонанд ва таъкид мекунанд, ки фаластиниҳо дар баробари артиши саропо мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз бо танку туп тарсе надоранд, зеро барои дифоъ аз сарзамину хонаҳои худ мубориза мебаранд. Аммо яҳудиён бо каме ноамн шудани вазъият рӯ ба муҳоҷират меоранд, зеро ин хоку хона барояшон тӯҳфае буда ва ба андозаи фаластинӣ ба ин хок пойбанд нестанд.
Пайомади ин ҳамла барои амнияти Исроил
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳоло агар аз тарафи Фаластин ҳамлае ба Исроил сурат гирад, барои ҷомеаи Ғарб тавҷеҳпазир хоҳад буд. Зеро то пеш аз ин онҳо иллате ва далеле барои ҳамла ба Исроил аз тарафи фаластиниҳоро намедиданд ва барояшон фаҳмидани ин масъала душвор буд. Аз тарафи дигар боварӣ ба амният ва субот дар Исроил дигар дар назари онҳо ба монанди пештар нест. Аз сӯи дигар артиши режими саҳюнистӣ бо мушкилоти нарасидани сарбозҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ҷавонони исроилӣ дигар намехоҳанд ба хизмати низомӣ дар минтақаҳои ҷангӣ раванд. Ин ҳолат аз як тараф боиси камбуди сарбоз дар артиши Исроил хоҳад шуд ва аз сӯи дигар мардум бовари худ ба артиши кишварро гум хоҳад кард ва худро дар хатар эҳсос мекунад, ки ин як фишори бузурги равони хохад буд ба мардуми Исроил ва пайомадҳои фаровон, аз ҷумла авҷ гирифтани муҳоҷират аз Исроилро дар пай хоҳад дошт.
Пайомади ҳамла барои Фаластин
Ғазза минтақаи аз ҷиҳати низомӣ нолозим буда, зеро маблағи сарфшуда барои ҳамла ба ин минтақаро аз он ҷо намешавад ба даст овард, чунки барои ғорат кардан ва аз байн бурдан дар Ғазза чизи дигаре боқӣ намондааст. Исроил тавонист Фаластинро ба ду бахш- Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ тақсим кунад. Албатта аз назари ҷуғрофӣ ин як кори шуданӣ аст, вале набояд фаромӯш кард мардуми Фаластин аз як нажод ҳастанд, дорои як фарҳанг ва то ҳоло фаромӯш накардаанд, ки чанд соле пештар дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамин ҳол пас аз ин ҳамла мардуми Фаластин фаҳмиданд, ки бо роҳи музокироти дипломатӣ мушкилоти худ бо Исроилро наметавонанд ҳал кардан ва танҳо роҳ ин муттаҳид шудан ва мубориза аст. Ин ҳамла фазои муносиберо барои ҷунбиши Ҳамос ва дигар ҷунбишҳои исломӣ дар Фаластин фароҳам овард, зеро мардум ба онҳо аҳамияти бисёртар доданд ва ҳоло омодаанд ҳама чизи мондаи худро ба онҳо бидиҳанд то коре барои наздик шудани рӯзи пирӯзӣ анҷом дода бошанд.
Ба назари аксари коршиносон ин гуна ҳамлахо аз назари стратегӣ ба зарари Исроил тамом хоҳад шуд, зеро онҳо ҷудоӣ дар байни халқро хоҳонанд, вале баракс бо ин кори худ мардуми Фаластинро муттаҳидтар аз пеш хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |