7 назар: Оё дониш дар Тоҷикистон арзиш дорад?
Дар пасманзари гуфтугузорҳои зиёд дар мавриди беқадрии донишу донишмандон дар Тоҷикистон “Озодагон” аз рӯшанфикрон суол кард, ки воқеият чист?
Иброҳим Усмонов, профессор
Чунин тасаввур, ки ҷомеаи мо куллан аз баҳри дониш гузаштасту одами донишманд ҳеч қадре надорад, нодуруст аст, зеро ин хел ҷомеае нест, ки умуман дониш дар онҷо қадр надошта бошад. Аз ҷумла дар ҷомеаи мо ҳам қадр дорад. Лекин қадр кардани донишмандон ва аҳли илму адабу сиёсатмадорон қонеъкунанда ҳаст ё не инаш масъалаи дигар аст. На фақат дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ қадри донишманду дониш чандон баланд нест. Зеро дар бисёр ҷойҳо ин чиз аз таваҷҷуҳи давлат ба ҷои дуввум гузашт. Дар мо ҳам масъалаи дониш пеш аз ҳама як муддат ба кори шахсии ҳар кас табдил ёфт. Шумо агар ба назар гиред дар замони муқовимати сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ аҳволи аҳли фарҳанг ва дониш бисёр бад буд. Ҳоло бошад андаке беҳтар шудаст, вале ба он ҳадде нест, ки мо ба он ифтихор кунем.
Раҳим Масов, академик
Дар давраи шӯравӣ олимон қадр доштанд. Дониш дар ҳаёти сиёсиву мадании илмии мамлакат зарур аст. Ҳар қадар обрӯи олим, зиёиён, шоирон, нависандагон, кормандони санъат ва матбуот баланд шавад, ҷомеа ҳам ранги дигар мегирад. Бизнеси мо бояд ҳалол бошад, на одамоне, ки бо қарор пулдор шудаанд. Дар байни ҳамин номбурдаҳо ҳам ҳар хел одамон ҳастанд. Бояд чанде аз онҳоро қайд кард, то дигарон ҳам аз пушти онҳо боло раванд. Дар ин сурат дигарон ҳам мефаҳманд, ки ин олимон дар сатҳи баланданд ва мо ҳам бояд ҳаракат кунем.
Мамадшо Илолов, академик
Дониш дар ҷомеаи мо арзиш дорад ва ҷомеа ҳам ба ин ниёз дорад. Ҷомеа албатта ба дониш гароиш дорад. Ҷомеаи милливу фарҳангии мо ҳама вақт ташнаи дониш буд ва ҳаст. Баъзе камбудиҳое, ки пайдо шуданд, оҳиста-оҳиста аз байн мераванд.
Марям Давлатова, шоира
Ҷомеаи тоҷик таърихан донишмеҳвар ва шоирпарвар буд ва мемонад. Ин вижагии табии мардум аст, вале ҳоло замони гузаришҳои хеле ҷиддӣ ва амиқи равониву маънавист, замони табаддулоти азими мафкураи ҷомеа аст. Аз рӯи вазъи имрӯза ба ҷомеа баҳо додан дуруст нест. Ин баробари он аст ба рузгордории хонаводае дар вақти кучиданаш аз ҷое ба ҷое баҳо бидиҳӣ.
Исфандиёри Назар, шоир
Дар ҷомеаи мо дониш ба ному дар коғазу дар фаромин ҳаст, вале ба воқеъ нест! Ҳукумати ин давлат ҳам дар ҳадди олӣ қавонинро барои боло бардоштани маорифу дониш кардааст, аммо натиҷа чашмрас нест.
Фирдавси Аъзам, рушанфикр
Иштибоҳ хоҳад шуд агар бигӯем, ки дониш ва маърифат барои ҷомеаи мо беарзиш аст. Ва он ҷомеае, ки донишро ночиз мешуморад ва хор мекунад ҳаргиз ба пешрафте дар ҳеч заминае даст нахоҳад ёфт. Бузургворе фармуда аст; "ҳар касе донишмандеро эҳтиром ниҳад пас Худоро эҳтиром кардааст." Пас беэҳтиромӣ нисбати як донишманд беэҳтиромӣ нисбати Худост. Ҳамеша як қишри муайяне аз ҷомеа ҳастанд, ки арҷгузори донишу маьрифат ва ҳаводори донишманду хирадмандонанд. Ин ки иддае арзиши дониш ва донишмандро ночиз мешуморанд ва ҳатто чашми диданашонро надоранд, ин бармегардад ба ҷаҳони танги худашон, ки ҳозир нестанд пешрафти касеро шоҳид бошанд. Ва ин ҳолат дар ҷомеаи мо ба чашм мехурад. Вақте дар мо озодандешӣ ва озодманишӣ устувор нест, мусалламан ҳеч аҳли донише соҳибэҳтирому соҳибарзиш нест. Вақте ҷомеаи башарии мо имрӯз ниёзманди донишмандон ва олимонест, ки битавонанд мушкилот ва ниёзҳои ҷомеаро расад кунанд, посух диханд ва нисбат ба вазьияти мавҷудбуда эьтироз кунанд ва албатта битавонанд посухҳои муносиб ва баҷоеро ироа диҳанд, оё арзиш гузоштан ва таваҷҷуҳ накардан ба дидгоҳи ишон бар зарари мо нест? Чаро мо инро дарк намекунем, ки аҳли фаҳм ба иловаи ин ки қишри созандагону рушанфикронамон ҳастанд, ҳамчунин сармояи ғании ҷомеамон ҳастанд ва бо аз даст додани онҳо дучори гумроҳию сарсонӣ хоҳем шуд. Файласуфи Чин Конфутсӣ гуфта буд, ки барои пирӯзӣ бар як кишвар аввал муаллимон (рушанфикрон)-и он ҷомеаро нобуд кунед. Пас мо агар нисбати ин рушанфикронамон ин гуна беэьтиноӣ кунем ва дониши онҳоро ночиз шуморем, яқинан дучори мусибат хоҳем шуд. Бе раҳнамо хоҳем монд. Бесавод хоҳем шуд. Ва аз ҷомеаи бесаводон намешавад, ки умедвор буд ва миллате, ки аз андухтани донишу маьрифат по ба фарор мегузорад ва аҳамият намедиҳад, ҳеч ҷойи умедворие нахоҳад монд. Дар ҷомеае, ки озодӣ барои озодандешонаш маҳдуд аст ва аҳли донишу маьрифат аз кӯчактарин эҳтироме бархурд нестанд чи гуна метавон он ҷомеаро меҳвари донишу хирад баршумурд? Ва чи гуна метавон ба ояндаи рушани ин ҷомеа умед баст? Дар ҷомеаи имрӯзи мо донишмандон кам нестанд ва дониш ҳам ҳаст, аммо донишу донишманд зиёд қадр надорад ва қадри илму донишу маьрифат паст аст. Инсон хоҳ донишманд бошад хоҳ не ҳамеша ба худ ва шахсияти хеш алоқаманд аст ва дӯст дорад ҳамвора мавриди эҳтиром қарор бигирад ва мехоҳад шахсияташ дар ҷомеа маҳфуз бошад. Шахсиятталабӣ ҷузьи зоти ҳар инсон аст ва адами эҳтиром ва таваҷҷҳ ба аҳли рушанфикр ҳамеша муҷиби он гашта то ин мағзҳо тарки ҷомеа бикунанд ва саҳму донишу маьрифат ва нерӯи зеҳнии худашонро бар ҷомеаи бегонае гузоранд. Ин нухбагонро бояд қадр кард ва нагузошт, ки аз кишвари худ берун шаванд. Оё ин дардовар нест? Ин воқеият аст, ки донишмандон ба пешрафти мустамари ҳар ҷомеае таьсироти зиёде мегузаронанд. Дар тӯли торих донишмандони зиёде ба хотири андешаҳо, эьтиқодҳояшон ҳамеша мавриди озор ва азият қарор доштанд ва ин як амри табиист. Аммо ин монеаҳо ҳаргиз муҷиби он нашуд то онҳо қадамҳояшонро дар пешрафти ҷомеа устувор нагузоранд. Хулоса дар ҷомеаи бесаводон дониш ҳамеша хор аст ва ҳеч қадре ҳам надорад. Миллати мо, ки дар гузаштаҳои дур аҳли китобу мутолиа буд, имрӯз нест, фарҳанги китобхонӣ надорем ва китоб кам мехонем ва ин муҷиб мешавад то илму донишу дигар донишмандонро ночиз шуморем ва қадр накунем.
Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманд
Аслан мо имрӯз ҷомеаи солим надорем. Ман дар назар дорам ҷомеаи дорои таркибҳои солими иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ - сиёсӣ ва ин худ шоҳиди он аст, ки дар ин воқеияти фасодзадаи мо на дониш, балки ғайбат ҳукмрон аст. Гуфтан мумкин, ки ҷомеаи ғайбат бунёд дорем. Дониш ҷузъи қудрат ҳаст ва худ ба истеҳсол эҳтиёҷ дорад ва мутаассифона сиёсатмадорони мо ин маъниро дарк накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |