Хайриддини Абдулло: "Ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму шармандагиҳоро бигиред"
Хайриддини Абдулло, роҳбари идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия бо нашри матлабе тоҷиконро “хортарин, беобрӯйтарин, пастарин ва назарногиртарин миллат дар Маскав миёни русҳову муҳоҷирони дигар” гуфтааст.
Матлаби мазкурро, ки “Ин ғуломӣ то ба кай” ном дорад, торнамои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик чоп кардааст. Дар он гуфта мешавад, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздики ду миллион буда, бештари онҳоро ҷавонон бемаълумот ташкил медиҳад ва “аз даҳ нафар ду нафарашон базӯр хондаву навишта метавонанд”.
“Дар урфият мегӯянд, “ҷавонон ояндаи миллатанд” пас кадом ҷавононро дар назар бояд дошт, ҳамин ҷавонони бе маълумоти зиёда аз бист сол бехону беному хору зор мондаи дур аз ватанро ё якчанд фарзанди вазиру раисони дар ватану хориҷ таҳсил мекардаро?”,-суол гузоштааст муаллиф.
Дар идомаи матлаб чанд суоли дигареро ҳам мехонем: “Хитоб бар шумо мекунам эй касоне, ки сухан аз миллату фарҳангу забону нажод мезанеду худро вориси ин миллат медонеду мехонед. Оё медонед зиндонҳои Русия пур аз ҷавонони тоҷик шуд? Ҳеҷ хабар доред, ки дар як рӯз чанд тоҷик бо зулму ситам кушта мешавад ва чанд тобути ҷавон ба ватан фиристода мешаваду чанди дигараш дар мурдахонаҳои рус сузонида? Оё шумо гуфта метавонед, ки ин ғарибиву дарбадарӣ кай хотима меёбаду мардум дар ватани худ, дар назди зану фарзанд кору зиндагӣ мекунад? Оё шумо метавонед гуфта, ки кӯдакҳои мактабхон ояндаашон мисли падаронашон ғарибу хору зори дарбадари русҳо намешавад?”
“Чуноне ба ҳамагон маълум аст, пастарин кор ин аробакашист. Ин корро ору шармандагӣ дониста дар бозорҳои Русия ҳеҷ миллате намекунад, ҷуз тоҷикон. Дар шароите, ки ин аробакашон зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ ҳайвоне зиндаги намекунад. Дар таҳхонаҳо зиёда аз чансад нафар паҳлӯ ба паҳлӯ дар рӯйи замини бетон шабашонро рӯз мекарданд”,-менависад ӯ ва меафзояд, ки онҳо бо зулми тоҷикони дигар ба ин ҳолат афтода буданд: “Бригадирҳои тоҷик, ки дар лиқои Ислом медаромаданду ҳоҷиашон мегуфтанд бо фармони якчанд яҳудӣ хуни ин ҷавонони аробакашро мемакиданд. Ва рӯзҳое мешуд, ки маҷбуран ин ҳоҷиҳои золим аробакашҳои дастнигари худро бо зӯриву маҷбурӣ пояфзолҳое ки нархаш 250 рубл буд, бо зӯриву ситам дар 3000 рубл мефурӯхтанд. Ва инчунин барои ҳар рӯз аз ҳар коргар 500 рубл меситонданд, новобаста аз он ки кор мекарданд ё на. Барои аробакаш шудан ҳар ҷавон 8000 рубл пора медод”. Муаллифи матлаб худи аробакашҳоро ҳам гунаҳкор дониставу менависад, ки якдигарро дашномҳои кабеҳ медиҳанд ва ин ба як чизи маъмулӣ табдил шудааст.
“Муроҷиати ман ба роҳбарон ва масъулони миллати тоҷик ин аст, ки ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму ноодамиҳову шармандагиҳоро гирифта, ин ҷавононро ба кишвари худ баргардонида, бо ҷойи кору хониш таъмин созанд ва баъд дар бораи ориёнажодиву авлоди Сомонӣ ҳарф зананд. Зеро Худованд дар Қуръон мефармояд: “Худованд ҳолу вазъи ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар ин ки онҳо аҳволи худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 10)”,-хулоса кардааст ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |