Тавофуқоти Душанбею Бишкек дар ҷаласаи 13-и байниҳукуматӣ
Ҳукумати Қирғизистон бо пахши як иттилоия аз натиҷаи ҷаласаи 13-уми байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон, ки 29-уми август дар Бишкек хотима ёфт, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ зимни ин ҷаласа, ки таҳти роҳбарии муовини нахуствазири тоҷик, Азим Иброҳим ва ҳамтои қирғизаш Абдураҳмон Маматалиев баргузор гардид, созиш шудааст, ки тиҷорати дутарафа, ки ахиран рӯ ба коҳиш ниҳодааст, бояд вусъат дода шавад: “Дар санади имзокардаи ҷонибҳо масъалаи сармоягузории тарафайн, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташкили намоишгоҳҳою ҳамоишҳо махсус қайд шудааст.”
Ширкати “Барқи Тоҷик” ва ниҳоди энергетикии Қирғизистон уҳдадор шудаанд, ки сокинони наздимарзиро мунтазам бо барқ таъмин намоянд.
Баробари ин ба пешниҳоди чандинкаратаи Тоҷикистон, ки ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” мавқеи байналмилалӣ дода шавад, Бишкек посух додааст, ки ин масъаларо меомӯзад.
Ҳукумати Қирғизистон меафзояд, ки Вазоратҳои маорифи ду кишвар вазифадор шудаанд, ки тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои қирғизҳои Тоҷикистон ва тоҷикони Қирғизистонро зери назорат мегиранд.
Дар умури фарҳанг мувофиқа шудааст, ки соли 2015 рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон ва соли 2016 рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Тоҷикистон гузаронда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |