Вазифаи нави додарарӯси президент дар “Барқи тоҷик”
Амонулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъин гардидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ин таъиноти нав имрӯз, 29-уми август зимни ҷаласаи ҳукумати кишвар таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид.
Саъдуллоев аз 1-уми июли соли гузашта роҳбарии раёсати фурӯши барқ, як ниҳоди мустақил дар “Барқи тоҷик”-ро ба уҳда дошт. Аз ин пештар ӯ раиси корхонаи фаръии “Тоҷикэнергоснаб” буд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин зимни ҷаласаи ҳукумат эълон гардид, ки Насиб Каримов роҳбари муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим, Исмонқул Шоқулов директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва Умеда Воҳидова роҳбари Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо таъин гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |