Бар асари инфиҷори маводи тарканда дар назди Додгоҳи Олии Ҳиндустон 10 нафар ба ҳалокат расида, 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, як корманди пулиси Ҳиндустон гуфтааст, маводи тарканда дар даромадгоҳи бино, дар дохили портфел ҷо шуда буд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми таркиш шаҳрвандони зиёде назди бинои суд ҳузур доштанд. Бинои Суди Олии ин кишвар, дар назди парлумон ва қароргоҳи нахуствазири Ҳиндустон ҷойгир мебошад. Барои наҷот додани шаҳрвандон нерӯҳои махсус ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хадамоти оташнишонӣ сафарбар шудаанд.
Маврид ба ёдоварист, моҳи майи соли равон чунин таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олии Ҳиндустон низ ба вуқӯъ пайваст, ки он замон ягон нафар осеб надида буданд. То ҳол аз ҷониби кормандони пулиси ин кишвар, ягон гурӯҳе барои даст доштан ба ин қазия боздошт нашудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр