Бахшҳо

Шарҳи сардори пулис ва назари занон ба маъракаи риштарошӣ дар Панҷакент

Раҳмон Давлатов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷакент мегӯяд, дастури махсусе барои тарошидани риши сокинони ноҳияро надодааст, вале аз рафтори бисёре аз ришдорон интиқод намуд.

Давлатов имрӯз, 29-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “вақтҳои охир ба ном муллоҳое бо риш пайдо шуданд, ки як сураи Қуръонро намедонанд. Риш мондаанду дар даст сигор мекашанд, боз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нос туф мекунанд. Ман фақат гуфтам, ки бо ҳамин нафарон сӯҳбат гузаронед, ки ба чӣ хотир риш мемонанду боз дар даст сигору нос мекашанд. Чунин худнамоӣ чӣ даркор?”.

Сардори пулиси Панҷакент афзуд, корҳои фаҳмондадиҳии кормандонаш аз ҷониби ҳамсарони мардони ришдор низ ҷонибдорӣ ёфтааст: “Бештари занонашон навиштаанд, ки раҳмат ба милисаҳои Панҷакент, ки восита шуданду шавҳарҳои мо ришҳояшонро тарошиданд. Нав намуди зоҳириашонро дидем.”

Шарҳи сардори пулис ва назари занон ба маъракаи риштарошӣ дар ПанҷакентДавлатов таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо барои беҳбудӣ ва симои шаҳр роҳандозӣ шудаанд ва таъкид намуд, ки ягон нафарро барои гирифтани ришаш маҷбур накардаанд: “Вақте, ки мебинӣ рафтори сокинони шаҳр безеб шуда истодааст, бояд ба танзим дарорӣ. Солҳои пеш мударрисон ва нафарони рӯҳонӣ риш мемонданд. Ҳоло бошад як сураро намедонанду риш мемонанд. Баъзеяшон риш мегузоранду оҳиста-оҳиста аъзои дигар ташкилотҳои ифротӣ шуда, дар дигар давлатҳо ҷанг мекунанд. Баъзеҳо риш монда, номи Ислом низ паст мезананд. Ояндаи давлатро мо бояд фикр кунем, амнияташро таъмин кунем.”


Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш, 28-уми август, Сино Ҳасанзода – корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши як навори видеоӣ аз иҷборан тарошидани риши бархе аз сокинон дар ноҳияи Панҷакент хабар дода буд.

Ин корбари фаъоли Фейсбук дар саҳифаи худ навиштааст, “дар шаҳри Панҷакент бо дастури Раҳмонқул Давлатов – сардори Шӯъбаи умури дохилии минтақа маъракаи густардаи риштарошӣ идома дорад.” Дар ин навор, ки дар сартарошхонае бардошта шудааст, дида мешавад, чанд нафар барои гирифтани риши худ навбат мепоянд. Ҳарчанд худи онҳо иҷборан тарошида шудани ришашонро рад мекунанд, вале нафаре бо номи Нурулло Ҳакимов, ки худро корманди шӯъбаи умури дохилӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, дар ин бора аз ҷониби сардори шӯъба дастур шудааст.

Ҳасанзода мегӯяд, кормандони умури дохилӣ, ҳамчунин Имомиддин Раҳматуллоев - масъули ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки риш дорад, иҷборан ба сартарошхона бурдаанд, вале баъд аз дахолат ва гуфтугӯ бо онҳо узви ҲНИТ-ро раҳо кардаанд.
Мӯҳр
Огои Давлатов хаму занхое, ки аз ин амали шумо рози хастанд як бора амр мекардед муйхо ба танзим медаровардед бисер хушхол мешуданд???

Darvesh
Aknun biyo gumush ku Davlatov. hamkursi ma guftestay ki akasha milisaho majburi sartaroshkhona burdaand!!! in magar ZULM nest???

Хонанда
Хамин милиса рост мегуяд, риш хам бояд як зебу заколот дошта бошад! Баъзе ришдорон аз меъёр (як кабза меъёр аст) дароз мегузоранд, ки ба назари атрофиён бад мерасад. Суннати паёгамбар факат риш гузоштан нест! Тарки фарз мекунанду ичрои суннат! Ачаб мусулмоние! Як хикоят аз классикон хаст: Марде дар китобе мехонад, ки риши дароз нишонаи ахмакист. Ба фуки худ даст мезанад, ки аз меъёр дароз аст. Як кабза мекунаду ва аз поёнаш шамъро медорад, то ба меъёр кутох шавад. Дасташ месузад ва аз хавли сухтан даст мебардорад, ки хамаи ришаш ва руяш хам месузад. Дар хошияи он китоб менависад: Мо тачриба карда дидем, хакикат аст!

سشي
Ин як шармандаги аст! Чавоби додаи як макомдор хандаовар аст! Кучо шуд гайрату матонати мардонагии МУСАЛМОНИ, ки мардумро мачбур ба риштароши мекунаду онхо чун баррахоои курбони мераванду ришхояшонро метарошанд?! Хайф! Агар часорати Исломи надоред чаро РИШ мемонед?!?!?!?!?!?!??!

Малика
хуб мешуд агар Хукумати Точикистон ришмони ва пушидани хичобро дар чойхои чамъияти манъ мекард. ин барои бехатарии мамлакат бисёр мухим аст.

Маъно галат
“Вақте, ки мебинӣ рафтори сокинони шаҳр безеб шуда истодааст, бояд ба танзим дарорӣ..."

Хамин суханаш кофист, ки ба саводи ин мардак бахо гузори. Охир риш гузоштан ба рафтори инсон чи иртиботе дорад??? Ба назар мерасад окои Давлатуф 11 соли мактаб миёна ва 5 соли мактаби олиро(агар хонда бошад) дар коридор сипари кардааст.

Холид
Канд зан Давлатов маьлум мешавад саводи хуб дори риш тарошидан рохи халли амният бошад ин китобхое ту хонди навишта нашудаан боракалло хайфи точикистонам ки ту барин фарзандон дорад нобига будаи хатман ба амнияти амрико заруред зеро то холо аклашон нагирифтааст ки хамаш айби риш баьд марги хамон одами ришдор ки занаш бо ту сухбат мекунад намешавад ки ба танзим дароред ки бо занхои мардум сухбати махфиена нагузаронедСаид,

дига да хами чо кордор

Бин хамин давлатхои Эрон ва арабиро (хатто дар Амрикову Руссия ичоза) хаминхо аз давлати ту дар окибанд. Барои ришаш коре надорам! Як чизи дигарро фикр кун, ки манфиат овар бошад!!!

Раис хусни шахрро бо тарошидани ришхои мардуму зулм кардан ба мардум дуруст намекуни. Агар хусни шахр хохед ободи кунед на зулм ба мардум. Агар мисли худат бо саводхо зёд шавад (аз тарзи гарпзаниат илмат малум шкд чи кадар аст) агар сархои мардумам ки тарошед шахр ободу зебо намешавад

Эътибори халк Бедил дар либос уфтодааст,
В-арна хун дар пайкари товусу зог яксон аст.
***
Одамиро на ба нутку на ба ришу ба дум
Тути хам нутку буз хам ришу хар хам дум дорад.
**
ПРОСТО АЙБ ШАРМАНДАГИИ ШКД ПАНЧАКЕНТ
КУЧО ШУД ТАЪРИХУ МАДАНИЯТИ БОФАРХАНГ!!!

Фарход
Ман чонибдори ришмоъо нестам, вале ки ба ин чиновник хукук додааст, ба ришу сигоркашии шахрвандон кор гира. Ин кори у тамоман бадномии давлат мебошад

сарвиноз
Рахмат Давлатов Р ба.Шумо курнамакхои бузриш худатона оварда ба Давлатов баробар кардед.Давлатов дар давраи Шурави хондааст.Ту бузриш мумкин шурави чи буд надони.Маймун хам риш дорад вале аз ту боаклтар аст

.рахмат ба давлатов у сардори пулиси исфара буд дида буд ки ришдорон чи кор карда буданд дар исфара чанд кормандони давлатиро кушта буданд.У професор аст соз кардаст ришашона мачбуран тарошида бошад хам.Мусулмона хамин хел мекунанд хубиро намефахманд.

офарин давлатов бояд ришдор набошад дар чамъият

посyхи милиса хандаовар мемонад, мисле ки дар ҷое дарс нахонда бошадy танзим дароварданро дар риш тарошидани мардон ва рузе беҳиҷоб кардани занҳо мефаҳмад. Дар давлати демократи ҳар нафар ҳақ дорад мутобиқи хостаҳои дилаш ба шарте муғоир бо қонуни кишвар набошад озодона зиндаги кyнад. Ман намехоҳам риш намемонам локин ин ҳақро ҳеҷ кас ба ман надодаст ки дигарҳоро аз риш мондан ман кунам агарчанде корманди давлати бошам. Инсонро ба рафторy кирдораш баҳо додан даркор на ки ба намyди зоҳириаш. Магар беришон сигорy нос намекашанд чаро онҳоро ҷазо намедиҳанд?

Garry
Это предел наглости. Он хотя бы читал конституцию? Или вообще он может хотя бы правильно писать свою фамилию?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2025    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)