Даъвати муовини муфтӣ барои қатъи риёкорӣ ва бадбинии олимон
Домулло Сайид Акбар - муовини муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъа аз сокинони кишвар даъват кард, толибилмону донишҷӯёнро дастгирӣ кунанд.
Ӯ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе рӯзи 29 август гуфт, ба ҷои барпо кардани баъзе аз ҷашну маросим ё маъракаҳои риёӣ агар аз толибилмон ва донишҷӯёни ниёзманд дастгирӣ кунем аҷру подоши зиёд дорад.
Муовини муфтӣ илова кард, “бархе аз инсонҳое ҳастанд, ки ба хотири нишон додан ба мардум хайру эҳсонҳое мекунанд ва подоше ҳам намегиранд. Ба ҷои ингуна хайру садақот агар мо аз донишҷӯён дастгирӣ кунем, беҳтар аст. Имрӯзҳо бисёр донишҷӯёне дорем, ки дар хариди китобҳои дарсӣ ё супоридани маблағи шартномаи таҳсили худ бо мушкили молӣ рӯбарӯянду ин вазъ онҳоро ба қатъи таҳсилашон водор месозад.”
Домулло Сайид Акбар дар идома ба шарҳи ҳикмат ва мақоми илму олим дар ҷомеа пардохта, гуфт, паёмбари Худо (с) беҳтарин шахс нафареро хондааст, ки Қуръонро меомӯзаду ба дигарон меомӯзонад.
“Олимон меросбарони паёмбаранд. Чӣ қадар, ки падару модар фарзанди худро дуст медорад, олимон аз он дида бештар ба мардумашон дилсӯзу ғамхоранд. Ҳар кас нисбати олимон дар дил душмание дорад, пас ҳалок шудааст”, - афзуд муовини муфтии кишвар.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |