Жириновский қазоқҳоро дар русбадбинӣ муттаҳам кард
Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) дар як суҳбат ба радиои “Эхо Москвы” қазоқҳоро дар русбадбинӣ муттаҳам кардааст.
Ба иттилои ВАО-и Қазоқистон, Жириновский гуфтааст, “Қазоқистон узви Иттиҳоди гумрукӣ аст, аммо онҷо ҳам фазои русбадбинӣ ҳукмрон мебошад. Дар ҳамаи адабиётҳои нави дарсии Қазоқистон руҳияи зидирусӣ дида мешавад. Дар ҳоле ки Русия Қазоқистонро муҳосира накард, балки ба кӯмакаш шитофт, набошад қазоқҳоро ҷунгарҳо медариданд. Артиши Русия ҷунгарҳоро ба Чин пеш кард”.
Моҳи феврали соли равон пешвои ЛДПР даъват карда буд, истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бардошта шавад "Дар Осиёи Марказӣ ҳеч кишваре набошад. Округи федеролии осиёи миёнагӣ ва шаҳри асосии он - Верный! Имрӯз он номи бегона-Алмааторо дорад. Инро Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон Қазоқистон фикр кардаанд”. Баъди ин изҳорот сенаторҳои Қазоқистон хостори манъи вуруди Жириновский ба кишварашон шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |