ВИДЕО: Волидони Шаҳло тақозо доранд, домодашон муҷозот шавад
Олимҳоҷӣ Рустамхоҷаев ва Сайёра Рустамхоҷаева -- волидони Шаҳло Рустамхоҷаева, сокини ҷавони Душанбе, ки ахиран дар дохили кошонаи ҳусни “Фарида” худкушӣ кард, аз мақомот тақозо доранд, то шавҳари ӯро ба ҷавобгарӣ кашида, муҷозот намоянд. Онҳо мегӯянд, Икром Сатторов, шавҳари Шаҳло, духтарашонро бо латту кӯби зиёд ва бадгумонӣ ба ин ҳол расондааст.
Олимҳоҷӣ Рустамхоҷаев мегӯяд, домодаш аз оғози зиндагии муштарак духтарашро лату кӯб мекард. "Як маротиба се талоқ карда буд. Ба духтарам гуфта буд, ба Маскав биё ман туро ба як ҷураам медиҳам ҳалола мешавӣ, баъд худам боз мегирам, ман иҷозат надодам. Баъдан падараш як муллоро аз наздикии Ҳазрати Мавлоно пайдо карду ривоят дод, ки мешавад сеталоқаро гирад. Ба назди ҳамон мулло рафта гуфтам, ки ин чи хел ривоят будаст, мулло ҷавоб дод, як бори дигар талоқ диҳад баъд дигар намешавад".
Падари Шаҳло дар идома гуфт: "Баъдтар фаҳмидам, ки духтарам боз бо шаҳвараш гап мезадаст, омада гирифта бурданд. Се рӯз пеш аз маргаш ними шаб занг зада гуфт, биёед маро баред, ки шавҳарам маро мезанад. Вақте рафтем набераам дарро кӯшода гуфт, отам очама зада истодааст. Хонаи дигар даромадем, ки духтарамро латукӯб дорад. Шавҳараш ба мо мегӯяд, ки наздик нашавед ман дар хонаи худам чӣ коре хоҳам мекунам. Духтарамро гирифта овардем. Икром аз ин пеш зан ва фарзанд доштааст, мо намедонистем. Духтарамро хато карда ба ӯ додем. Вақте ҳамон рӯз гуфтам, ки духтарамро мебарам Икром гуфт, агар мурдаи духтарат аз инҷо набарояд, зиндааш намебарояд".
ВИДЕОИ НАҚЛИ ВОЛИДОНИ ШАҲЛО РАҲМАТХОҶАЕВА
Малика Таирова, раҳбари кошонаи ҳусни “Фарида” дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ҳамон рӯзе, ки Шаҳло худро овехт, ба кор дер омад, зеро духтарам ба мактаб меравад ва аз паси ҳуҷҷатҳояш буд. "Шаҳло духтари хушмуомила буд, ягон касро гапи баланд намегуфт. Аммо аз хушдоман ва шаҳвараш шикоят мекард. Рӯзи ҳамон ҳодиса чанд маротиба занг задам, телефонашро набардошт, аз дарун дарро маҳкам карда худашро ба дор овехтааст",-афзуд ӯ.
ВИДЕОИ НАҚЛИ МАЛИКА ТАИРОВА
Ба қавли маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки худкушии Шаҳлоро таҳқиқ кардаанд, ин ҳодиса субҳи 20 августи соли ҷорӣ иттифоқ уфтодааст. Ба қавли онҳо, Шаҳло соҳиби ду фарзанди хурдсол буда, боз интизори ба дунё омадани тифли дигараш будааст.
Волидони Шаҳло дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” аз бархӯрди номуносиби хушдомнаи ӯ низ шикоят карданд. Ба иддаои онҳо, хушдомани Шаҳло ба ҷои хомӯш кардани баҳси шавҳару зани ҷавон, баръакс, ба он равған мерехтааст. Сайёра Рустамхоҷаева , модари Шаҳло гуфт: "Дар панҷ соли зиндагӣ духтарамро рӯз надоданд. Шавҳараш фақат азоб медод, хушдоманаш ҳам. Духтарам ба ҳама мегӯфтаст, ки чӣ кор кунам дили хушдоманамро ёбам. Ба апааш гуфтаст, дигар тоқат надорам, худамро куштан мехоҳам. Пеш аз ин ҳодиса мактуб навиштаст, ки дадаҷон, аяҷон ман ба шумо фарзанди муносиб нашудам, гапи шуморо гуш накардам, боз рафта бо шавҳарам зиндагӣ кардам, маро бубахшед, барои ман зик нашавед. Навиштаст, ки шавҳарам ба ман фақат мегӯяд, ки духтарҳо аз ман не, аммо ба ман бовар кунед ман ба ғайр аз шавҳарам бо ягон кас муносибат надоштам".
Тақозои муҷозот шудани шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева аз сӯи волидони ҷавонзан дар ҳолест, ки ахиран додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт алайҳи Икром Сатторов бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |