Ҳукми издивоҷ бо духтароне, ки дар интернет "хиёнат" мекунанд
Торнамои Тураҷон.орг, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, дар посух ба суоли як корбари худ ҳукми издивоҷ бо духтароне, ки фотиҳа шуда, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардони бегона суҳбат мекунанд, аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.
Яке аз хонандагони ин торнамо савол додааст, арӯсшавандаи ӯ ҳангоми набуданаш дар Ватан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо бачаҳои бегона шинос шуда, ҳатто аксҳои худро низ ба онҳо фиристодаву бо телефон суҳбат кардааст ва аз ин рӯ мехоҳад, ҳукми издивоҷ карданаш бо ин духтарро аз нигоҳи Ислом бифаҳмад.
Ин торнамои исломии кишвар дар посух навиштааст, “издивоҷ кардан бо чунин духтарон ҷоиз нест.” Веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар шарҳи ин навиштаи худ, аз суханони Муҳаммад (с) иқтибос оварда, мегӯяд, “паёмбар (с) уммати худро амр кардаанд, то бо занҳои бо имон ва мутадайин (диндор) издивоҷ кунанд.”
Ба навиштаи Тураҷон. Орг, издивоҷ кардан дар Ислом бо духтароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тавассути телефонҳои мобилӣ бо мардони бегона суҳбат мекунанд, дар ҳоле раво дониста мешавад, “ҳаргоҳ онҳо аз ин кардааш пушаймон шуда, тавба кунад ва аҳд диҳад, ки дигар ба ин кор даст намезанад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |