ВИДЕО: “Ситора дида фуру баст...” Ёдбуди Симини Беҳбаҳонӣ дар Душанбе

Дар Душанбе маросими ёбдуди Симини Беҳбаҳонӣ баргузор гардид.
Маросими ёдбуд “Ситора дида фуру баст...” унвон дошта соати 10:00-и имрӯз (29 август) дар толори раёсати Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон сурат гирифт. Ёдбуди Симини Беҳбаҳониро дар Душанбе Иттифоқи нависандаҳо, Фарҳангистони шеъри ҷаҳон ва маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” созмон доданд.
Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи саршиноси эронӣ, ки аз мушкили қалб ранҷ мебурд ҳафтаи гузашта дар синни 87-солагӣ дар беморхонае дар Теҳрон даргузашт. Ӯ беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод карда, ҳамчун “бонуи ғазали Эрон” маъруф аст. Ҳаводорони ашъори Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам зиёданд.
Гулрухсор Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик дар ёдбуди Беҳбаҳонӣ аз ҷумла изҳор дошт:
Симини Беҳбаҳонӣ 19 июли соли 1927 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон буда, аммо аз рӯйи ихтисос фаъолият накардааст. Узви Конуни Нависандагони Эрон буд. То он ки дар моҳи марти соли 2010 мақомоти Эрон ба ӯ иҷозаи сафар ба хориҷро надоданд, чанд маврид меҳмони Аврупо ва Амрикои Шимолӣ буда, шабҳои шеърашро баргузор кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |