Зариф Тоҷикистонро шарики муҳими Эрон дар Осиёи Марказӣ хонд
Неъматулло Эмомзода – сафири нави Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи 27 август нусхаи эътимодномаашро ба Муҳаммад Ҷавод Зариф – вазири умури хориҷии Эрон супорид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Зариф аз таъин шудани Эмомзода ба ин мақом изҳори хушҳолӣ карда, гуфтааст, барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд.
Вазири умури хориҷии Эрон бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дуҷониба ёдовар шуда, қайд намудааст, ки Тоҷикистон барои кишвараш шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Инчунин ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Теҳрону Душанбе ва омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Ҳасан Рӯҳонӣ – раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон суҳбат кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |