Бахшҳо

“Ватандор”: Ҷаноби олӣ, пинҳонӣ рафта назди маркази миллии тестӣ бинед, ки чӣ гапу хабар аст

Гузориши “Озодагон” аз раванди бақайдгирии такрории довталабон дар Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай дошт ва хонандаҳои зиёде зери он шарҳ навиштаанд. Корбаре бо номи “Ватандор” ҳам бо ирсоли шарҳе аз президент хостааст, ба ин масъала бидуни миёнарав дахл намояд. Матни шарҳи ин хонанда чунин аст:

“Муҳтарам Ҷаноби ОЛӢ...
Ба шумо эҳтироми хос дорам. Ҳамин беадолатии кормандони системаи ҳукуматро аз байн баред. Илтимос...

Ин чӣ гап худаш. Мо ба эҳтиром ва самимияти Шумо нисбат ба халқ ва пешравии давлат бовар дорем, лекин ҳамин гуна роҳбароне, ки Шумо мемонед бо халқ муносибат кардан, гуфтугӯ кардан, муросо карданро наметавонанд.

Як бор бе дахолати КГБ бо халқ суҳбат кунед, дарди дили моро фаҳмед. Халки бечора аз мушкилии давлат азоб накашида истодааст, ин шахсиятҳо мушкилии халқ мебошанд. Як ду нафарашро бо даъвои ҳақиқии халқ чораҷӯӣ кунед, то барои дигаронаш панд шавад.

Бинед, ин беадолатӣ ҳадду канор надорад. Довталаб, ки орзуи хонданро дорад, аз бемасъулиятии шахсони вобастаи маркази миллӣ дилсиёҳ шуда, нафраташон зиёд мешавад.
Як хоҳиши дигар ҶАНОБИ ОЛӢ! Ҳамин ягон рӯз худатон ба таври пинҳонӣ рафта назди ҳамон маркази миллӣ нишаста аз дур назора кунед, ки чӣ гапу хабар аст...

То Шумо бо халқ озод сухан накунед, аз ҳолу аҳволи халқ хабардор намешавед. Он чӣ ки Шуморо мегӯянд ба даҳону ба гӯш, 90 фисадаш бофтаю сохта аст. Худованд ҳамаи моро нигаҳбон бошад ва Шуморо ҶАНОБИ ОЛӢ қувват диҳад, ки давои дарди халқро ёбед.
Худо хофиз!”
Мӯҳр
Э мардаки ватандори содае фикр мекуни чаноби оли намедонад ин хама бозихои ин марказро медонаду, асло чорае намеандешад барои онки мисли дигар кумитаву вазоратхои ки чаноби олиро бадном карда гаштаанд,инак 23 сол мешавад ки мо боре надидаем ки тарики тв чазо дода бошад ягон одамашро,,,,..,,,,,,,,..,
Мардума дилаш мондаги

Ватандор! Мо хама ВАТАНДОРЕМ. Афсус ва боз хам афсус. Ин Маркази тестй не як балои чони абитурент ва маззаи дандони СОХИБМАНСАБОН шуд. Пештар бо Ректору Дастгох, вазорату идорахо гапашонро мегузаронданд. Имруз бошад дело техники. Хеч чо намераванд. Факат як телефон ва счёти махсуси Тагочони ЧО,,,,ОН. Чй даркор дарди сари бисёр. Пагох хатмкунандагони почаканда кору вазифа мехоханд................

Саодат
Э Бародари Ватандор Хуб содда будаида ин Об аз Боло Лой аст фикри шумо хатост фикр мекуни хамин Чаноби Оли намедонад Хамаашро медонад Илтимос чоп кунед Он чизе айон аст хочат ба баён нест Агар ман дуруг гуям гуед ки дуруг аст агар рост бошад Ба фикри ман хамрох шавед

Нуриддин Саидов
мухтарам рузноманигорон ва ахли нишасти матбуотии имруза, пеш аз суолу чавоб бо Шумо хаминро кайд карданиам, ки Маркази тести, ки имсол мавзуъи №1 сухбатхои мардум гардидааст, дар ояндаи наздик ба "рушду нумуъи" сохаи маориф таъсири амик расонида, пойдевори мустахками фасоди бузург дар кишварамон мегардад. Барои иштирокатон ташаккур бо хамин нишасти матбуотии мо аз натичахои чамъбасти Мавсими "Хосилгундори" эъъъъъ.... комиссияи кабул ба анчом расид... (карсаксании бардавом)

Донишчуёне ки аз нохияхои дурдаст аз сабаби дастраси надоштан ба интернету валангор будани роххои автомобилгард ва дигар сабабхои узрнок ба чои тахсил дар вакташ хозир нашуданд холо ба донишгоххо надаромада аз он чо хорич карда шуданд. Чойхояшон бошад барои донишчуёне ки дар даври аввал нагузаштанд, яъне савод надоштанд пешбини шудаанд. Ин чи беадолатист он камбагалоне ки пул надоштанду ба таври шаффоф гузаштанд бо хар бахона бо бесаводони пулдор иваз карда мешаванд.

Ватандори ватандор
"Ватандор"-и содда, ба ки мегуи, ки ин бизнеси худи онхост

президентро чаноби оли гуфтан хато аст. Президент -раиси чумхури -мансабдори давлат мебошад, ки аз чумлаи шахрвандон интихоб мешавад. Чаноби оли нисбати шох (монарх) истифода мешавад, ки мансабро мероси мегирад ва аз халк фарсаххо дур аст. Президент -рохбари мардуми эътироф мегардад. Хамин нозукихоро, точикхо, кам-кам акнун фарк кунед, чунки айб аст. Хамсояхо механданд...

Javob ba Vatandor
Dusti giromi Vatandor,
Hama hisob va dar.me'yor darovarda shudaast. In kore ki sozmon doda shud baroi az barxe korshinoson puli kalon meorad...
Besavod boyad shartnomavi khonad, nafarr ki kamtar savod dorad khub meshud az hisobi granthoi hukumati tahsil namoyand.
Barri kor...

Худи Президент мехохад, ки уро Чаноби Олй гуянд. Айби мо чй. Ин Маркази тестй маркази худаш дия.

Барзу,
э бародар, будаст ку, дар бадан каме инсон-нигарии!

Абитуриент
Чаноби оли дига кор надора мехеза миёя ба учара (бо междупрочем бачои) кору бори зарури хастай чем маркази милии тестира!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)