Додгоҳ ҳукми Бобоҷон Ҳамидов, муттаҳам дар марги Бурҳониддинро эълон мекунад
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт имрӯз, 28 август ҳукмаш нисбат ба гурӯҳи ҷавонони муттаҳам дар қатли Бурҳонидин Зарифов, хонандаи синфи 11-ро эълон хоҳад кард.
Фирӯз Бобохонов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи гузашта барои Бобоҷон Ҳамидов, ки гунаҳгори асосии марги Бурҳонидин Зарифов дониста мешавад, аз додгоҳ 10 соли маҳрумият аз озодӣ талаб намуд.
30 майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи 91 дар пайи муноқиша миёни хонандаҳои мактабҳои №66 ва №54 Бурҳонидин Зарифов бо корд маҷруҳ шуд ва ба ҳалокат расид. Қаблан, Баҳриддин Давлатбеков, сардори гуруҳи тафтишотии ин қазия ба “Озодагон” гуфта буд, “муноқиша аз нофаҳмии ду хонанда дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” оғоз шудааст, ки яке дигареро мегӯяд, ту арӯс надорӣ. Баъд аз ин ҷойро муайян мекунанду мулоқот мекунанд, ки бо кордчазанӣ ва куштори як нафар анҷомид.”
Давлатбеков афзуд, нафари кушташуда ба ин нофаҳмиҳо, дахле надоштааст, вале чун варзишгар буд, ба муноқиша даъват гардидааст: “Муайян гардид, ки Бурҳониддинро Бобоҷон Ҳамидов, соли таваллудаш 1996 корд задааст, ки таҳсилро аз синфи 9-ум қатъ карда, то ҳол дар ҷое нахондааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |