Дидори Аслов бо Моширӣ ва баҳси ҳадафҳои Хазинаи кӯдакони СММ
Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Лайлӣ Моширӣ - раҳбари Намояндагии хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Аслов бо Моширӣ рӯзи 27 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Манбаъ ҳадаф аз дидори ҷонибҳоро ба итмом расидани фаъолияти кории хонум Моширӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.
Лайлӣ Моширӣ дар ин вохурии худ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои намояндагии ин ниҳодро дар давоми фаъолияташ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳадафҳои он дар ояндаро шарҳ додааст. Сироҷиддин Аслов дар навбати худ аз фаъолияти хонум Моширӣ ва саҳми ӯ, мусоидати Хазинаи кӯдакони СММ ба ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини ҳимоя ва кумак ба кӯдакон дар кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Рӯзи гузашта хонуми Моширӣ ҳамчунин бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |