Як қатор хизматчиёни кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои хизматҳои арзанда аз ҷониби роҳбарияти сохтор бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, медалу ифтихорномаҳо ва раҳматномаву дигар тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар робита ба ин, нимаи аввали имрӯз дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣдоир гардид. Тибқи иттилои расида, дар ин чорабинӣ Хайрулло Ибодзода, сардори шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи дастгоҳи иҷроияи президент, генерал-майор Ҳайбулло Латипов, раиси кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ҳайати шахсии кумита, меҳмонони зиёд ва дигар шахсони расмӣ низ иштирок доштанд. Ба афсарону сарбозоне, ки дар фаъолияти хизматӣ ва иҷрои бечуну чарои он хизматҳои арзанда намудаанд, рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, медалу ифтихорномаҳо ва раҳматномаву дигар тўҳфаҳо супорида шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр