Боздиди Раҳмон аз Ваҳдат ва иштирокаш дар маросими баҳрабардорӣ аз чанд иншоот
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи панҷшанбеи 28 август ба шаҳри Ваҳдат сафар кард.
Дафтари матбуотии президент ҳадафи ин боздидро “шиносоии бевосита ба корҳои ободонӣ ва мулоқоти рӯ ба рӯ ба мардум” унвон кард. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сохтмони варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ ва як мактаб барои 1240 хонанда дар дар деҳаи навбунёди Истиқлоли Ваҳдат оғоз бахшидааст. Ба таъкиди раисиҷумҳур бо бунёд ёфтани ин шаҳраки муосир ва дигар иншооти сершумор, Ваҳдат пас аз чанд соли дигар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар назар аст, имрӯз бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як мактаби дигар барои 1280 хонанда ва як шифохонаи хусусӣ бо 100 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад: “Дар доираи ин сафараш Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии ганҷи дастони аҳли заҳмати деҳот ва ҳолати заминҳои кишти такрорӣ дидан мекунад” .
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |