Боздошти ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия ба гумони куштори “таксист”-и тоҷик
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду сарбози пойгоҳи низомии 201-и Русия дар кишварро ба гумони даст доштан дар қатли Раҳимҷон Тешабоев -- як ронандаи таксӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт кардааст.
Масъулони ВКД мегӯянд, афроди боздоштшуда -- Сахапов Илдар Масхутович, собиқ сардори гурӯҳи қисми низомии 31691-и пойгоҳи Русия ва Басимов Федор Рифанович буда, таҳқиқи қазия идома дорад. Дастгир шудани ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия ба гумони куштори Тешабоев 26 августи соли ҷорӣ, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло афроди гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, онҳо макони кушторро наворбардорӣ ва ҳарфҳои афроди гумонбарро сабт кардаанд. Ӯ афзуд, куштори Раҳимҷон Тешабоев, сокини шаҳри Душанбе, 19 августи соли ҷорӣ дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ иттифоқ уфтодааст.
“Дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш ТҶ 07-19 АН 01 ҷасади шаҳрванд Тешабоев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1978, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ҷароҳатҳо дар қисмати гардан бо истифода аз олоти халандаву бурранда дарёфт карда шуд”,-гуфт Ҷалолиддин Садриддинов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |