Раиси Хадамот тирпаронӣ дар марз бо Тоҷикистонро ба президент шарҳ дод
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар робита ба ҳодисаи тирпаронӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон раҳбари Хадамоти давлатии марзбонӣ -- Раимбердӣ Дуйшенбиевро ба ҳузур пазируфтааст.
Бино ба хабари расонаҳои қирғизӣ, Дуйшенбиев ба президент дар бораи ҳамаи “ҳолатҳои тирпаронии 25 август ва чораҳои андешидашуда барои суботи авзоъ” иттилоъ додааст. Отамбоев ба раҳбари Хадамоти давлатии марзбонӣ дастур додааст, барои ҳали авзоъ ва таҳкими марз тамоми чораҳоро бияндешанд.
Ёдовар мешавем, дар пайи тирпаронии 25 август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Вазоратҳои умури ҳар ду кишвар унвонии ҳам нотаи эътирозӣ ирсол карданд. Дар пайи ин тирпаронӣ, ки гуфта мешавад дар ду нукта ба вуқӯъ пайвастааст, ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта, панҷ тани дигар маҷруҳ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |