Хашми Душанбе аз амалкарди Бишкек ва ҳушдор ба қирғизҳо

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошт ё нота ба амалҳои ҷониби Қирғизистон дар робита ба тирпаронии 25 августи соли ҷорӣ дар марз, ки дар пайи он ду шаҳрванди кишвар кушта шуданд, эътирози қатъӣ баён кардааст.
Мақомоти тоҷик дар ин номаи худ ба ҳамтоёни қирғизашон гӯш зад кардаанд, ки истифода аз зӯроварӣ барои ҳалли масоили мавҷуда миёни ду кишвар ва вайрон шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда номақбул мебошад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ишора бар ин ки афзоиши ин гуна иғвоҳо дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ ба муносибати дуҷониба таъсири манфӣ мерасонад, бо таассуф таъкид кардааст: “Ҷониби Тоҷикистон, дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо, ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз нерӯ ва имконоти мавҷуда, раво медонад.”
Аз ин пеш, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар робита ба тирпаронии рӯзи 25 август дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон нотаи эътирозӣ фиристода буд. Мақомоти Бишкек дар нотаи худ ба Душанбе марзбонони тоҷикро дар ҳодисаи ахир айбдор карда, гуфтаанд, онҳо нахустин шуда алайҳи сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ истифода кардаанд.
“Дар пайи талошҳои ғайриқонунии сокинони Тоҷикистон барои боздоштани сохтмони пул, сарҳадбонони тоҷик нахуст алайҳи ҳамтоёни қирғизашон аз силоҳи оташфишон кор гирифтаанд, ки мунҷар ба тирпаронӣ миёни сарбозони ду ҷониб шуд. Ба ҷуз ин, дидбонгоҳи марзии “Кулунду” ҳадафи тири миномёт қарор гирифтааст”,-гуфта шудааст дар нотаи эътирозӣ.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба риояи меъёрҳои байналмилалӣ даъват карда, таҳқиқи муштараки мунсифонаи ин ҳодисаро хостааст. Инчунин, таъкид шудааст, дастандаркорони ин қазия бояд ҳар чи зудтар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |