Ҷасади ду сокини ноҳияи Шуғнон аз обанбори нерӯгоҳи «Помир -1» дарёфт гардидааст.
Тавре Ориф Нозимов, сардори дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ҳангоми иҷрои корҳои профилактикӣ ё худ тозакунии ҳавзи обанбор аз регу шағали ҷамъшуда дар нерӯгоҳи барқии «Помир -1» аз ҷониби кормандони ҳамин неругоҳ маълум гардид, ки сокини ҷамоати «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон Мирзоҷаноб Одинабек Ҳамёнбековичи 50- сола ва сокини деҳаи «Огев»-и ҳамин ноҳия Давронов Ошим Худобердиевичи 37- сола дар обанбор ғарқ шудаанд. Наҷотдиҳандагони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят фавран ба ҷои воқеа сафарбар шуда, бо кӯмаки кормандони нерӯгоҳ майити ғарқшудагонро берун оварда ба наздиконашон супориданд.
Манбаъ афзуд, айни замон аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ сабабҳои марги ин ду нафар тафтиш шуда истодааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр