Духтари Почомуллоева: “Онҳое, ки шиносу пул надоранд, чӣ кор мекунанд?”
Анора Самадова, духтари Манзура Почомуллоева, мегӯяд, танҳо баъд аз дахолати Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷӣ масъулони сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон барои интиқоли ҷасади модараш аз Деҳлӣ ба Душанбе кумак кардаанд.
Ба қавли Анора, марҳум Почомуллоева моҳи апрели соли ҷорӣ дар беморхонаи Медантаи Ҳиндустон ҷарроҳӣ шуда, 4 моҳ дар он ҷо бистарӣ будааст. “Дар беморхона 95 дарсад кафолат дода буданд, ки модарам сиҳат мешавад. Аммо баъд аз ҷарроҳӣ то фавт аҳволи ӯ хуб набуд. Баъд аз фавташ ягон корманди беморхона ба назди ман наомад ва бо ҷасад танҳо шабро рӯз кардам. Пас аз он як корманди сафорат омада кумак кард ва мо модарамро ба сардхона бурдем. Аммо ман на консулро дидам, на ягон нафари дигарро”,-афзуд ӯ.
Ҷасади Манзура Почомуллоева, сокини 46-солаи пойтахт, бояд рӯзи 22 август тариқи ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол меёфт. Аммо халабонҳои ин ширкат гуфтаанд, ба далели бӯй кардани ҷасад имкони интиқолашро надоранд. Баъдан, ҷасади ин сокини Тоҷикистон аз Деҳлӣ ба Маскав тавассути ҳавопаймои “Ют Эйр” ва аз он ҷо ба Душанбе тариқи ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" оварда шуд.
Хонум Самадова мегӯяд, ин иттифоқ дар ҳоле уфтод, ки ӯ барои интиқоли ҷасади модараш тамоми санадҳоро таҳия карда буд: “Баъд аз ду соате, ҳавопаймо аз парвоз дер кард, халабон Нодиров ба ман гуфт, имкони интиқоли модарамро ба Душанбе надорад. Ӯ далели ин иқдомро ба бӯй кардани ҷасад ва рафтани об аз дохили он рабт дод. Дар ҳоле ки аслан чунин набуд. Баъд аз парвози ҳавопаймо дар мудати се соат модарамро тавонистам аз фурудгоҳ берун барорам. Чор рӯзи дигар тамоми ҳуҷҷатҳоро аз нав таҳия кардам. Дар сардхона тобути модарамро аз сар кушода ҳайрон шуданд. На бӯй мекард, на ягон хел об бароварда буд”.
Ӯ дар идома афзуд, “аз сардхона кафолат дода буданд, доруҳое, ки ба модарам кардаанд, метавонад 70 рӯз ӯро сард нигоҳ дорад. Аммо ин халабон аз ду соати парвоз даст кашиду модари маро аз ҳавопаймо берун баровард. Ба мани ғамзада мегӯяд, ҷасади модари ту бӯй мекунад, ӯро бигир. Модари ман барои ӯ ҷасад аст, барои ман – модар! Ду соат, намедонам, бо кадом сабаб ҳавопайморо ба таъхир монданд. Аммо вақте зорӣ кардам, ки 10 дақиқа фурсат диҳед, то ҳамаашро ҳал кунам, гуфтанд, вақти туро интизор шудан надорем.”
Ба қавли Анора Самадова, баъд аз он ки натавонист ҷасади модарашро тариқи ҳавопаймои ширкати миллии тоҷикӣ ба ватанаш фиристад, хеел гиря кардааст. “Кормандони фурудгоҳ бо сагҳо омада, мепурсиданд, ки кӣ ҳастам. Вақте ҳамаи кори шударо нақл мекардам, ҳайрон мемонданд. Тамоми кормандони сардхона ва фурудгоҳи Деҳлӣ дар ҳайрат буданд ва мегуфтанд, дар тамоми собиқаи кориашон якумин бор мебинанд, ки халабон ҷасадро интиқол надиҳад”,-гуфт ӯ.
Духтари марҳум Почомуллоева аз Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва Тоҷиддин Пиров, раиси “Тоҷиксодиротбонк”, ки барои интиқоли тобути модараш кумак кардаанд, сипосгузорӣ намуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “баъд аз дахолати вазир маро дар Маскав тамоми кормандони сафорат интизор буданд ва то парвози ҳавопаймои дигар кумак карданду аз фурудгоҳ дур нашуданд. Ҳатто як намояндаро бо ман ирсол намуданд. Аз Маскав ба Душанбе тариқи ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” парвоз кардем.” Анора мегӯяд, ӯро дар ин рӯзҳои вазнин роҳбарият ва баъзе дӯстонаш кумак кардаанд ва ин суолро мегузорад, “аммо мардуме, ки на шинос ва на пул дорад, чӣ кор мекунанд?”
Ӯ мегӯяд, тамоми асноди заруриро аз сардхона ва фурудгоҳ бо худ гирифтааст ва то охир барои тантанаи адолат мубориза хоҳад бурд. “Аз роҳбарияти “Тоҷик Эйр” хоҳиш дорам, як бор маро бо ин халабон рӯ ба рӯ кунанд. Рӯи модарамро ба хоҳари 16-солаам нишон надодам, то чеҳраи модарам чӣ хеле ки дар зинда буданаш буд, ҳамон хел дар ёдаш бимонад. Барои ин ҳама, ҳамон халабон гунаҳкор аст”,-гуфт ӯ.PS: Мо барои гирифтани шарҳи расмии қазия борҳо ба масъулони Тоҷик Эйр муроҷиат кардем, вале онҳо то ҳанӯз посух надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |