Карзай бо Абдуллоҳ ва Аҳмадзай рӯзи савгандёдкунии президенти навро муайян мекунанд
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай – ду номзади даври дуюми интихоботи президентии Афғонистон бо Ҳомид Карзай – раисиҷумҳури ин кишвар мулоқот мекунанд.
Дар ин бора Тими таҳаввул ва тадовум - ситоди интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай хабар дода, гуфтааст, ин мулоқот рӯзи 26 август баргузор мешаваду дар он ҷонибҳо рӯзи савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Афғонистонро баҳҳ ва таъйин хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳомид Карзай аз тул кашидани эълони натоиҷи интихоботи президентии кишвараш нигаронӣ карда, аз ҳар ду номзад хост, ба раванди тафтиши оро ва эълони натоиҷи ниҳоӣ мусоидат кунанд. Карзай гуфт, санаи 2 сентябри соли ҷорӣ мӯҳлати охирини маросими савгандёдкунии президенти нави Афғонистон буда ва ин дигар ин муҳлат тамдид нахоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |