Ҳалокати се муҳоҷири тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Маскав
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса рӯзи 24 августи соли ҷорӣ тахминан соатҳои 5-и субҳ дар 98-ум километри МКАД рух додааст.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин шаҳрвандони кишвар, Умед Қараев - сокини шаҳри Ҳисор, Далер Султонов - зодаи вилояти Бадахшон ва Бобоҷон Қаландаров - сокини шаҳри Душанбе мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин садама инчунин як шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Фахриддин Давлатов низ осеб дида, бо бардоштани ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ гардидааст: “Омил ва сабабҳои ҳодиса мавриди омӯзиш қарор дорад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |