Чопи китоби собиқ муовини раиси КГБ-и Тоҷикистон
Китоби генерал Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти Тоҷикистони Шӯравӣ (КГБ), моҳи августи соли ҷорӣ дар Русия ба табъ расидааст. Ин китоб “Мушкилоти терроризми байналмилалӣ. Русия ва ҷаҳон” ном дошта, кори илмӣ ва таҳқиқотии ӯ будааст.
Дар ин бора худи Пояндашоев хабар дод ва гуфт, китоби наваш барои доираи васеи хонандагон дар Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, “Мушкилоти терроризми байналмилалӣ. Русия ва ҷаҳон” рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ дар Краснодар рӯнамоӣ шуда, ба ин маросим беш аз сад афроди воломақом аз Русия даъват шудаанд.
К.И.Горожанин, раҳбари созмони “Ҳамраъйӣ барои мубориза бо терроризм”, дар пешгуфтори китоби генерали тоҷик навиштааст, “муаллиф ба хонандагон воқеъбинона мегӯяд, ки чигуна баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ се мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ ё се қувваи бадӣ -- терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ дар Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ (СНГ) ба вуҷуд омаданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд. Аз ҳама муҳимаш, ӯ иллатҳои асосии ин падаидаҳои номатлубро дар Русия ошкор карда, мегӯяд, дирижёрҳои асосии терроризм дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳони Ислом киҳоянд.”
Генерал Оразшоҳ Пояндашоев, ки ҳоло дар Русия кору зиндагӣ мекунад, соли 1948 дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ “разведчик”-и касбист ва беш аз 25 сол дар ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти Тоҷикистону Узбакистони Шӯравӣ хидмат кардааст. Оқои Пояндашоев дар оғози соли 2000 ба ҳайси муовини Раҳматилло Зоиров дар Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон кор мекард ва аммо баъд аз баргузории интихоботи парлумонии 2005 онро бо эътироз тарк намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |