Аслов: “Ҳалли масоили марзӣ бо Чин имкон дод, ки...”
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо навиштани матлабе ба таҳлили равобити Душанбею Пекин пардохта, ба қазияи баҳси марзии ду кишвар низ дахл кардааст.
Аслов дар ин матлаби худ гуфтааст, натиҷаи ҳалли баҳсии марзии Тоҷикистон бо Чин мунҷар ба рушди равобити ду кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои сарҳадӣ гардид.
“Ҳалли масоили сарҳад бо Чин имкон дод, “Равзана ба Шарқ” - Бунгоҳи назоратии Қулма – Қаросӯ дар сарҳади Тоҷикистону Чин кушода шавад, ки аз бисёр ҷиҳат ба рушди равобити дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар сарҳадот мусоидат мекунад”,- таъкид кардааст вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар идома манофеи Душанбею Пекинро як хонда, ибрози умедворӣ кардааст, ки дар оянда устувории принсипҳои ҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамфикрӣ тасдиқи худро меёбанд: “Ҳар ду ҷониб баҳри сулҳу амният самарабахш саъю кӯшиш намуда, ба таҳкими боварӣ ва рушди ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд. Манофеи ҳар ду давлати ҳамсоя дар бисёр соҳаҳои ҳаётан муҳим яканд, ки сабаби он на фақат арзишҳои умумии сиёсию фарҳангӣ, балки нақшаҳои муштарак барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман калони иқтисодию гуманитарӣ низ мебошад. Шубҳае нест, ки мушорикати стратегии давлатҳоямон дар оянда ҳам босуръат рушд ёфта, ҳамкории бисёрҷонибаро густариш медиҳад ва устувории принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳамфикриро тасдиқ менамояд.”
Парлумони Тоҷикистон моҳи январи соли 2011 ба баҳси марзии Душанбею Пекин нуқта гузошта, протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ кард, ки бар асоси он 1,1 ҳазор километри мураббаи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид.
Ин амали мақомоти Тоҷикистон бо вокунишҳои шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯшанфикрон рӯбарӯ гардид. Он вақт Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷӣ чунин тасмимро бурди дипломатияи тоҷик унвон карда, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ҳоло вакили парлумон гуфта буд, “давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд”.
Қаблан Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон низ дар китоби нави худ ба моҷарои баҳсбарангези марзи кишвар бо Чин равшанӣ андохта, натоиҷи онро судманд ва созанда хонда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |