Филме дар бораи оилаи муҳоҷирон соҳиби ҷоиза шуд

Филми “Пушти фармон” ё “Сари чанбарак”, ки аз рӯзгори хонаводаи муҳоҷирони тоҷик дар кишвар қисса мекунад, моҳи июл дар ҷашнвораи “Садои занон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми донишҷӯ” шудааст. Ин филми кӯтоҳ сохтаи Элиз Лакери бритониёӣ мебошад, ки то кунун чанд ҷоизаи ҷашнвораҳои Аврупоро аз худ карда буд.
Дар ин филм гуфта мешавад, ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир Тоҷикистонро бо ҳадафи пайдо кардани кор ва аз ин тариқ таъмин намудани оилаҳояшон тарк мекунанд. “Маблағе, ки аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад, барои боло бурдани иқтисоди кишвар мусоидат мекунад. Дар воқеъ, Тоҷикистон кишварест, ки ба пули муҳоҷиронаш сахт ниёз дорад”,-таъкид шудааст дар филм.
Элиз Лакер дар филми сохтааш ин суолро гузоштааст, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик мардонанд ва занону кӯдакони онҳо дар дохили кишвар чӣ кор мекунанд? Ва ҷавобашро парешонии рӯҳӣ ва эҳсоси Нигора, як зани хонашини узбакзабони Тоҷикистон, додааст. Ин зан мегӯяд, баъд аз он ки шавҳараш фиристони пул аз Русияро қатъ кард, зиндагии ӯву фарзандонаш рӯ ба рукуд оварданд.
Нигора, пас аз он ки дигар умеде аз шавҳараш намемонад, бар хилофи он ки зан аст, ба таъмири чархҳои мошин шурӯъ мекунад ва фарзандонашро бо ин роҳ мехӯронаду мепӯшонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |