Эҳтимоли аз вазифа рафтани Шайх Юсуф Қарзовӣ
Шайх Юсуф Қарзовӣ, аз донишмандони маъруфи ҷаҳони Ислом бо эҳтимоли зиёд курсии раҳбари Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломи (ИҶУИ)-ро тарк мекунад. Дар ин бора ИА IslamNews бо такя ба манбаъҳои наздик ба ИҶУИ хабар додааст.
“Вазъи сиҳатӣ ба шайх имкон намедиҳад, ки дар Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ иштироки фаъол дошта бошад. Аз ин рӯ аз эҳтимол дур нест, ояндаи наздик вазифаашро канор гузорад”,-менависад торнамо.
Чанде қабл дар шаҳри Истанбул ҷаласаи 4-уми Ассамблеяи генералии Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ ба кори худ анҷом бахшид. Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа Қарзовии 89-сола гуфтааст, ҳамоиши навбатӣ шояд бидуни ҳузури ӯ баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |