Гуруснанишинии имом бо нишони эътироз алайҳи ДИИШ
Саид Сухарварди, руҳонии шинохтаи шаҳри Калгари Канада бо нишони эътироз алайҳи амалкардҳои “Давлати исломӣ” (Давлати исломии Ироқу Шом) даст ба гуруснанишинӣ задааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ӯ гуфта бо ин кор мехощад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмонад, ки мусалмонон алайҳи амалҳои ин гуруҳанд. “Дидгоҳи онҳо аз Ислом ва Қуръон нисбат ба ончи ки бештари мусалмонҳо бовар доранд, 180 дараҷа фарқ мекунад”,-гуфтааст ин руҳонии 59-сола.
Саид Сухарварди покистонитабор буда, раҳбарии ҷамъияти мусалмонони шаҳри Калгари Канадаро бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |