Бахшҳо

Номаи муҳоҷирон ба сафир... баъд аз иддаои Каромат Шарифов

Ҳудуди 150 муҳоҷири тоҷик, ки дар бозори “Садовод”-и Русия машғули коранд, бо ирсоли номае ба сафири кишвар дар Маскав, Имомуддин Сатторов, иддао дар мавриди поймол шудани ҳуқуқашон аз сӯи корфармоёнро рад кардаанд.

Ин нома дар ҳоле навишта шудааст, ки ҳафтаи гузашта Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар баъзе аз марказҳои тиҷории Русия нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфта буд, “агар оҷилан вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба талаботи қонун мувофиқ накунанд”, эҳтимоли баргузории тазоҳуроти 100 000-нафарӣ алайҳи “ғуломӣ” дар бозорҳои Русия баид нест.

Дар номаи муҳоҷирон, ки нусхааш дастраси “Озодагон” шуд, гуфта шудааст, “агар хомӯш бошем, маънои онро надорад, ки мо ҳуқуқи гап заданро надорем. Ин иддао дар мавриди поймол шудани ҳуқуқи мо ягон асос надорад”.

Дар идома мехонем, “ҷаноби сафир, шумо шахси расмии кишвари мо ҳастед. Созмонҳое низ ҳастанд, ки гӯиё аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳимоя мекунанд, аммо манфиати худро аз ҳама чиз ва ҳама кас боло мегузоранд.” Ҳудуди 150 муҳоҷири тоҷик ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон барои бастани шартномаи нав, ки ба гуфтаи онҳо иҷоза додааст шаҳрвандони кишвар дар бозорҳои Русия ҷойи кор пайдо кунанд, ташаккур гуфтаанд. Аммо кадом шартномаи муҳим буданаш гуфта нашудааст.

Инчунин, номанависон аз сафир хостаанд, ба ҳимояти онҳо бархезад: “Шумо чун чеҳраи расмии давлат ҳуқуқи моро аз ин созмонҳое, ки на танҳо дар бораи ҳуқуқи мо фикр намекунанд, балки овозаҳои паҳншударо дар мавриди он ки гӯиё корҳои пастро иҷро менамоем, густариш медиҳанд, ҳимоят кунед. Дар ҳоле ки интихоб ба ихтиёри худи шахс аст, ки дар куҷо ва ба сифати кӣ кор мекунад. Ҳар яке аз мо ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ таҷрибаи кории мухталиф дорем. Ҳолатҳое буд, ки моҳҳо дар сохтмонҳо маоши моро намепардохтанду ин созмонҳо хомӯш буданд. Имрӯз, вақте шароити мо хуб шуд, ангушти ишорат сӯямон нишон додаву мехоҳанд исбот кунанд, ки мо имиҷи кишварро паст мезанем!”

Ба навиштаи ин гуруҳи муҳоҷирон, маъмурияти бозори “Садовод”-и Русия гӯиё ҳамеша меҳнати онҳоро қадр мекунад. “Роҳбарияти бозор ҳамасола аз байни кормандон беҳтаринҳоро интихоб карда, ба ҷои мукофот онҳоро ба Хонаи Худо мефиристад. Соли ҷорӣ ин мукофот насиби ду шаҳрванди мо -- Абдумалик Қутбиддинов ва Абдухалил Ҳайдаров гашт. Аз ин иқдоми роҳбарияти бозор муҳоҷирон розӣ мебошанд”,-таъкид шудааст дар номаи муҳоҷирон.
Мӯҳр
Москувич
Чун ҳарвақта, бо омадани сафири нав ҷанҷоли Каромат бо Сафорат оғоз мегардад ва то охирин муҳлати будани сафир ин идома меёбад. Ина мушак ба ҷониби Каромат партов шуд. Интизори ҷавоби Каромат бошед...

Рохрав
Кай ин миллат бародар мешуда бошад? Кай мисли инсон бо хамдигар рафтор мекарда бошад. Яке як игво дигаре дигар игво меандозад ва мардуми бечора дар азоб, номи миллат паст. Бовар кунед чор бехирад, бо ин муборизахои миёни хам номи миллат ва мардони миллатро паст мезананд. Дигар мардум аз донишмандони ин миллат рохи зиндагиро меомузанд, вале чаро худи милллат аз онхо истифода намекунад?
Ин шояд аз кариб шудани киёмат далолат кунад, ки инсонхои пасту бехирад дар умури оммаи мардум сухан мегуянд.
Бовар надорам, ки Каромати хирадманде бошад, ки барои миллат гам хурад. Ва инчунин бояд касоне ки вазифа доранд, агар сазовори вазифа бошанд вазифаашон бохирадона анчом диханд, вагарна бехтараш вазифаро тарк намоянд, ки дар пеши Худованд золим шуморида мешаванд. Рахми худатон ва миллатро хуред.

Акаи Москувич ин ба сафир ягон алокаманди надорад ба фикрам , каромат худуш гами кисаи худша хурдестаи, мардум бошад хамчун шахрванди Точикистон ба у мурочиат доранд ки каромат номшона паст назана ва хукукхои уво поймол нашудай

Dev
Dar "Sadovod" 100-ho tojikon koru faoliyat dorand 150 nafar in hamai onho nest.Fikr mekunam in nomai klanhoi tojiki "sadovod" ast, yane agar Karomat ba nakshahoyash idoma dihad onho az lukmai lahm dur memonand... Kuhhoi Pomira hamvor kardan osontar nisbati tojika tifok kardan

Дар мачмуъ мо медонем, ки хукуки мухочирони точик дар Руссия поймоланд. 150 мухочире, ки ин номаро ба сафири мо дар Руссия ирсол намудаанд, катрае аз бахр мебошанд.

Барои баланд бардоштани статуси точикону точикстониён чорае бояд андешид, ва яке аз чунин чорахо ин икдоми пешгирифтаи кунуни мебошад, ки мо - мардуми точик то чи андоза кори Каромат Шарифов таъсирбахш, мувофики максад ва натичаи мусби меорад, бояд дуруст вазнбардори намуда бисанчем.

Ба фикрум касе максади харом дорад хеч вакт ба максадаш намераса, у фикри кисаи хдша дора

Ин Каромат Шарипов фикри кистаи худашро мекунад.Ба фикри ман дар бозори Садовод ягон гуна поймолкуни вучуд надорад.Мактубро хам ба фикрам худи хамон одамонаш таёр кардаанд.Коре мекуна ки бачахои точикро боз сарошона тоб дода барои кору бори худшон истифода баранд.

Самир
Салом алек Акаи Каромат ман шахсан худам дар бозори Садовод ки вокеъ дар шахри Москваи федерация Россия карор дорад кор ва фаъолият кардаам хам ба хайси фаррош ва посбон мо сари вакт маош мегирифтем аз тарафи рохбарияти бозор хамавакт дар хама проблемма дастгири медидем бо либосхои гарм таъмин мекарданд шукри худо хамон бозори Садовод буд ки мо сохиби хамаи чиз шудем монед хамон мухочирони бечораро ба холи худашон гарданд баъди митинги Шумо боз ними дигарашонро бо депорт мекнан Шумо хубтар чан нафар мухочироне ки тайи чан муддат дар спецприёмхо махкаман хамонхоро озод мекардед.

Салом алейкум ! Каромат Шарипов, дар маркази савдои "Москва" ки дар Люблино аст ягон кас гулом нест ва мачбцр кор гамекунад

Каромат Шарипов пушти ки боша ма нафахмидум бафикрум ай пеш зимистонай сару либосша нав кадания ,ман фикр мекардум ки мухочирора кадршона баланд куна набарот Паст зада ггаштай мо бояд хама як чо бошем на ин ки хам дигаро танкиту сарзаниш кунем, фикри бад кори бад хеч вакт чомаи амал намешушад илтимос моне тинч мо мухочирора чан вакт шуд ки тенчи амони ороми дар бозорхо хаст бо хами митинг накунед ки ин гурух ееки одамои намехохан ки тенчи ороми точиконро бинан мо факат дуо мекунем ки хамаш худ шавад

Ростгу
Ин марди калоб бо номи Каромат Шарипов як тухматгари дуруг гуй аст дар маркази савдои "Москав" ягон одам на гулом ва на мачбур кор мекунанд ман худам шахсан дар хамин чо чанд сол боз кор мекунам рахмат барои Хочиён хусусан Хочи Самаду Хочи Шохназар ки моро дар ин гариби дастгири мекунанду бо чои кор таъмин мекунанд ин Каромат шарипов як тухматгар аст ва хамаи гуфтахояш нисбат ба коргарони маркази савдои "Москва" дуруг ва асос надорад. Илтимос навиштахои маро модератор удалит накунед бигзор хама донанд

ростгу
шумо 150 нафара ягон зарахам инсофнадоред агар дар бозор пурсамки хочатхона кучо мегует намедонам чи расад багулом будани худатонро донед ман кароматрохам намешиносам локин суханхояаш хакикатдорад озодагон номаи 150нафараро чоп кун бинем е ин ки домоди президент туро хам харид

Orzu
Rutona siyoh nakunen ma hami bozorda kor mekunum i shabo hamonjoda khob mekunem AY I MAKTUB KHABAR NADOREM. IMruz 1 chand nafar bachayakora pursidum megan mo khabar nadorem. In maktubro kadomish khudush navishtay!!! AY saforati TJK dar Moscow budanush nabudanush khubay!!!!

мухочир
Точик дар Масква бе сохибай ва дар чи хол будани онхора Сафорати мо парво надора !! Каромат Шариф мардай!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)