Роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то муҷассамаи Сино баъди 3 рӯз боз мешавад
26 августи соли равон роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино боз хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе қитъаи роҳи мазкур, ки 2,5 км тул дорад, то рӯзи сешанбе таъмир ва мавриди истифода қарор мегирад. “Барои таъмири асосии роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки аз Қасри Президент то гардиши Қарияи Боло сурат гирифт, аз буҷаи шаҳр 16,7 миллион сомонӣ харҷ гардид”,-афзуд номбурда.
Роҳи мазкур аз ибтидои моҳи равон баста шуд. Бо ин далел арзиши роҳкиро дар мусофиркаш ва таксиҳо боло рафт. Сабаби таъмир гардидани роҳ омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай гуфта мешавад, ки 11-12 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |