Бахшҳо
22 авг 2014 15:06Тоҷикистон / Иқтисодӣ

85 000 $ барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ ва кор дар Салиби Сурх

Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон як сокини 42-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори беш аз 85 ҳазор доллар боздошт намудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсӣ мегӯяд, Раъно Раҷабова тӯли моҳҳои феврал-ноябри соли 2012 ба боварии марҳум Зокир Қобилов даромада, барои ба кор қабул намудани фарзандаш дар “Салиби Сурх” ва шомил намуданаш ба Донишгоҳи тиббӣ аз дувумӣ 85 ҳазор доллар гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, боздошти Раҷабова дар пай муроҷиати Қобилова, яке аз наздикони Зокир Қобилов, сурат гирифта, зимни тафтишот маълум гардидааст, боздоштшуда бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт чунин амалро роҳандозӣ кардааст. “Раъно Раҷабова ба ивази маблағи гирифтааш ягон амалеро иҷро накарда, аз баргардонидани маблағ саркашӣ намуда, ба Зокир Қобилов зарари калон расонидааст”,-омадааст дар хабари дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ.

Оҷонсӣ мегӯяд, нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Вачд
"Салиби Сурха" кариб мехаридае. Магар ин говчигар Зокир дар Монетный двор кор мекардааст.

Вот это колхоз, за такие деньги можно открыть сеть аптек и можно сразу стать фармацевтом

Хаккони
Зокир Кобилов ин кадар пул дошта боши, писарата дар Россия хонони 100 маротиба бехтар аст!!!! Ээээ чи хел ки омад, хамон хел мераааавад!!!!

духтур
Ин Зокир аз гама чавонмарг шуд.Пул ба занхо мондаги.

точик
об аз боло лояй. Кани аз боло нагиранд, поёнихо хеч чиз намегиранд. дар давраи Сталин, Андропов барин сиёсатмадорон дар бораи коррупсия хеч гуна сухан намерафт. Имруз бошад аз вазиру кабир сар карда то чупон пора мегиранд.
Боз Шумо хубтар медонед.
Аз хайти имрузаи Точикистон, бахусус маъракаи кабули довталабон худ казоват кунед

Шайдон
ман Самир ба донигоҳ дохил шуданиам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)