"Эхо Дидор" баъд аз "Didor"-и Душанбе дар Конибодому Панҷакент
Синамобазми шашуми байналмилалии “Дидор” дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ оғоз шуда, то 20-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, дар фестивали имсола намояндагони Эрону Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо филмҳои худ иштирок хоҳанд кард. Ба қавли ӯ, эҳтимол дар ин синамобазм Тоҷикистонро филми нави Носир Саидов, раиси Тоҷикфилм ва чанд филми кӯтоҳ намояндагӣ кунанд.
Оқои Ҳақдодов афзуд, дар синамобазми шашуми “Дидор” дар Душанбе китоби Комил Ёpматов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи кино, ки бо забони тоҷикӣ таҳия шудааст, муаррифӣ хоҳад шуд. Раиси синамогарони Тоҷикистон илова кард, баъд аз ҷамъбасти “Дидор”-и Душанбе ният доранд, фестивали “Эхо Дидор”-ро, ки он ҳам аз намоиши филмҳо иборат аст, дар Конибодому Панҷакенти вилояти Суғд баргузор намоянд.
Ёдовар мешавем, панҷумин синамобазми байналмилалии “Дидор” дар соли 2012 бо муаррифии Қомус ё энсиклопедияи синамои тоҷик оғоз гардида буд. “Қомуси синамои тоҷик”-ро, ки аввалин маҷмӯаи илмӣ ва таърихӣ дар соҳаи синамо аст, Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум давоми чор сол таълиф кардаанд. Он аз 500 саҳифа иборат буда, бо пуштибонии молии Бунёд (Фонд)-и Сорос чоп шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |