Бахшҳо

“Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев ҳоло дар “Имрӯз” кор намекунад, аммо бо ирсоли номае ба роҳбарияти радио машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.

Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.

Қироншоҳи Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО, мегӯяд, ба далели он ки маводи барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳаҷман хеле калон буд, ҷаласаи онҳо ду дафъа - 18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ баргузор шудааст. Ба қавли ӯ, ба намояндагии ширкати “Квестнет” ҳам маслиҳат дода шудааст, ки “дар ҳолати ба нишастҳои матбуотӣ ва ё барномаҳои радиову телевизионӣ даъват шудан аз ҷониби ин ё он ВАО, иштироки намояндагони масъулашро таъмин намояд”.

Дар охир аз роҳбарону кормандони расонаҳо хоста шудааст, “ба хотири таъмини озодии сухан дар фаъолияти ҳамарӯза принсипҳои бунёдии журналистикаро риоя намуда, дар ин замина ба халалдор шудани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳ надиҳанд”.

Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.
Мӯҳр
Хакгу
Акнун, бо хар рохе пеш кардани шахсони хакикатгу мохичаи тиллои манфиатдорон хостахои дилашонро буд мекунад. Шурои ВАО-и точик факат кораш ба хамин баёниядихи банд аст. Ин хам шохаи хамин хукумат аст, ки дар вакте гирифтори мушкили шудани журналистон кумак намекунанд, вакте агар ширкати пулхуру каллоби чун Каюнет хукуки худро хохад, журналистонро мутахам мекунанд Ин ширкат хазорон нафарро гирифтори фишори хуну садхоро хонавайрон кард, бо тарафдори хамон ин Шуро. Аслан, ин Шуроро барои фаъолияти ноаёнаш бастан даркор. барои журналистон чунин Шуро лозим хам нест.

Аслан сабаби барканории Рустами Чони хамин барномахои Исоев буд. Ин журналист дар ягон чо аз 6 мох зиёд кор накардаст. Барномахош дар ТВС мисли Кастинг факат таблиги фарханги барахнаги буд, чунки худаш хам расскос буд. Барномахое ки дар бораи даъвати аскари кард хамаш зидди сиёсати давлат буд. Кваснеташам хаминхели. Холи рафтаст радиои Имруза барномахош каме боадабона шуданд.
Исоев журналисти хъуб буд ё бад гуфта наметонам, вале беодобона дар хаки касоне гап мезад, ки танкидаш мекарданд. Тахаммули танкидаша надошт. Албатта Озодагон ин гапоя чоп намекунад, неки навиштам. Худо ёратон.

Сарвар
Орзу акун дар сарат санг мешикананд..

.
Ана хамин хел. ба хеши Убайдуллоев часпиди, аз кор пешат мекунанд ва боз гушхоятро метобанд.

ОРЗУ БА ТУ ЛОЗИМ НАБУД БО МАХМАДСАИД ПИРОВ БАХС КУНИ. БАЛЕ ТУ ДУРУСТ КАЙД КАРДИ ХОЛО ВАЗОРАТИ ФАРХАНГ БА БОЗОРИ ФУРУШИ ВАЗИФА ТАБДИЛ ЕФТААСТ.

Vazifai Shuroi VAO xud tafsiya dodan ast.

Ана акнун мансабдорон нафаси сабук мекашанд. Дигар касе нест,ки аз у хавф кунанд. Тамом Точикистон бихишти руи замин шуд, ягон проблема дигар нест, хама чо ороми, тинчи, олам гулистон......
Лекин окибати хамин каллобони кюнет чи шуда бошад, мегуянд,ки прокуратура аз болои ширкат парванда боз кардааст, тафтишот рафта истоаст. Бояд ин ширкати харромхурон харчи зудтар баста шавад, то мардуми мазлуми бечора курбони се чор нафар каллоби гузаро нагарданд.
Орзу дар барномахояш исбот кард, ки ин каллобон зидди сиёсати давлату хукуматанд, аммо зимомдорон то хол ягон чорае наандешидаанд. Масъулин чиро интизоранд? Муфаттишони прокуратура чи корхои заруртаре доранд? Шояд пули инхоро мегиранду "ту медониву дави харат" мегуянд?! Хамаашон фармони болоро интизоранд. Хайр чи гуям,ки нагуфтанам бехтар аст. Вазъияти прокуратураву судхо ба хамаамон маълум......

вахоб
гапи хакка гуфти е ба зиндон мерави е аз корат мемони - чунин аст дар аморати точикистон ахвол!

Cатори
Аслан, Орзуро М. Пиров аз Кургонтеппа овард ва дар ТВ Сафина кор дод. Набошад уро касе намешинохт. У хамакора аст. Гох шоир, ки дар кадом вазну равия навиштанашро танхо худаш медонад. Гох бастакор, гох коргардон, гох продюсер, гох ину гох вай. Аз хамин лихоз хама кораш нимколаанд. Аз худ хост "кахрамони даврони мо" созад, вале нашуд. Мегуянд, "Хар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланге хуфта бошад."

давлатшо
ин мардум ба хотири ризои хокимони давр сардафтари адабиёти хеш Рудакиро кур, чандин олиму адибро чилои ватан, кофару мулхид эълон карданд. Орзу Исоев чи як чавонаки дилсофи соддаи аз макрхо гофил....эй вой бар ту , эй вой бар мо....

Ман хайронам чаро одамоне ки гами миллатро мехуранд инкадар азобашон медиханд пас маълум мешавад ки онхо худашон инг бизнеси харомро дар душанбе ба рох мондаанд холо вакташ меояд дар назди конун чавоб мегуянд

Журналист
Хамин Шурои ВАО-ро агар 1 зарра ман чун журналист писанд кунам... Худи ин шур(б)о ба мардум чи кумак расонид, ки боз ба чои хамраъйи ба обсуждени журналисто машгул мешад? Карочи Шур(Б)о, ты кто такой давай до свидания!!!!
Озодагон бе каму косу буру дуз чоп кунед!!!

Яъкуб. Душанбешахр.
О. Исоев бехтарин журналист хаст.Инхо сухани хакро тахамул надоранд.Аз ТВС хам барои ощкорову бочуръатияш пеш карданд.

Сино
Бародари мо Орзу дар рохи дуруст аст аз хамин сабаб уро бе фишор амегузоранд! Агар “Квестнет” ба Орзу зарар расонад аз имруза дида кадраш паст тар мешавад дар назди мардум ва инчост ки “Квестнет” ширкати бисёр зарар овар ва тибки шариати ислом у ХАРРОМ аст!

Хак ба хакдор хатман мерасад!!!!Агар Орзу Исоев аввал тахлил карда баьдан барнома ташкил мекард ва яктарафа намедид инхел ШАРМАНДА намешуд!Мухтарам Орзу Исоев камтар эхсосотатонро контрол кунед,ин ба мард зебанда нест ва бо ин гуна хислат шумо дар хеч кучо дер намепоед.Асосан шумо шоумен хастед институти саньат тамом кардаед шернависи карда гардед чунки шумо саводи иктисоди ва география надоред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)