Эълони 30 миллион $ мукофот барои пайдо кардани 5 пешвои Ҳаққонӣ
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муайянкунандаи макони будубоши 5 пешвои шабакаи террористии “Ҳаққонӣ” 30 миллион доллар мукофот эълон кардааст. Ин эълон рӯзи 20 августи соли ҷорӣ тавассути Вазорати умури хориҷии Амрико интишор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин раҳбарони гуруҳи Ҳаққонӣ, ки аз онҳо Азиз Ҳаққонӣ, Халил Раҳмон Ҳаққонӣ, Яҳё Ҳаққонӣ ва Абдуррауф Зокир Ҳаққонӣ ном бурда шудааст, ҳамагӣ дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, барои маълумот дар бораи макони будубоши ҳар яке аз онҳо 5 миллион долларӣ мукофот дода хоҳад шуд.
Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, нафари панҷуми онҳо Сироҷуддин Ҳаққонӣ ном дошта, ҳар кас макони зисти ӯро пайдо кунад, соҳиби 10 миллион доллар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Амрико соли 2012 барои пайдо кардани макони будубоши ӯ 5 миллион доллар мукофот эълон карда буд.
Шабакаи террористии Ҳаққонӣ, як гуруҳи мусаллаҳи мустақар дар минтақаи марзии Афғонистон бо Покистон буда, амалиёти низомиеро алайҳи нерӯҳои ҳарбии Амрико ва НАТО дар кишвари дуюмӣ анҷом медиҳанд. Раҳбарии ин шабакаро, ки бо гуруҳи Толибон иртиботи қавӣ дорад, Ҷалолиддин Ҳаққонӣ бар уҳда дорад. ИМА шабакаи Ҳаққониро як “хонаводаи ҷинояткор ва қочоқбарони марзӣ” медонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |