Ёддошти Зеб Блайс дар бораи боздидаш аз пиряхи Федченко (АКС)
Зеб Блайс, роҳбалади аршади як ширкати куҳнавардӣ дар Амрико, хотираҳояш ҳангоми боздид аз пиряхи Федченкоро, ки дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон воқеъ асту атои беназири табиат номида мешавад, ба таври мухтасар нашр кардааст. Ин пирях 700 километри мураббаъ масоҳат дорад ва ғафсияш дар баъзе аз ҷойҳо то як километр мерасад.
Оқои Блайс гуфтааст, пеш аз сафараш, ки се соли қабл иттифоқ уфтода буд, дар бораи Тоҷикистон иттилооти хеле кам дошт ва тасаввур намекард, берун аз манотиқи қутбӣ аз тӯлонитарин пирях убур мекунад. “Замоне ин имкон фароҳам шуд, натавонистам ҷавоби рад диҳам. Ин сафар се сол қабл бо ташаббусси се тан аз лижаронҳои канадаӣ ба вуқуъ пайваст ва ман ҳамчун куҳнаварди ботаҷриба бо онҳо ҳамроҳ шудам. Чун таҷрибаи сафар дар кишварҳои дар ҳоли рушдро доштам, медонистам, ки ин сафар низ танҳо бо куҳнавардиву лижаронӣ хулоса намешавад, балки имкони хидмат ба мардуми куҳистонро ҳам хоҳем дошт”,-менависад роҳбалади амрикоӣ.
Зеб Блайс мегӯяд, ҳангоми басту банди лавозимоти сафар миқдори зиёди либосҳои гарм гирифтааст, агарчӣ аз пеш медонист, ҳатто нисфе аз онҳоро истифода нахоҳад кард: “Ман либосҳои зимистониро ба одамҳо ҳадя мекунам, ки боре ҳам надоштаанд. Мо барои ба пиряхи Федченко расидан ва аз он ҷо баргаштан як ҳафтаро дар назар гирифтем, аммо ин сафар ба 13 рӯз тӯл кашид. Қарор буд, мо дар муддати ду ҳафта 6 ҳазор метр яхро тай кунем, вале ба далели обу ҳавои номусоид 6 рӯзро дар дохили хайма гузарондем. Бо вуҷуди ин, сафари мо хеле аҷиб буд”,-гуфтааст Блайс.
Ин роҳбалади амрикоӣ нақл кардааст, онҳо чанд рӯз дар иҳотаи дараҳои азим, ях ва қуллаҳои баланде ба мисли Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол будаанд. “Мо дар як маконе будем, ки комилан дар инзивоъ аст ва теъдоди каме аз мардум он ҷоро дидаанд”,-навиштааст ӯ.
Дар идомаи ёддошти Зеб Блайс гуфта шудааст, онҳо баъд аз дидани пирях ва куҳҳои баланд чанд рӯзи худро дар иҳотаи мардуми Бадахшон ҳам сипарӣ кардаанд. Вай мегӯяд, ин чанд рӯзи онҳо бо хӯрдани нони танурӣ, кабоб, зардолу ва гелос гузашт. “Мардум моро хеле хуш қабул карданд ва чойу нон доданд, бо он ки ҳатто як калима забони англисӣ намедонистанд. Тими мо Тоҷикистонро бо таъми хуб дар даҳон тарк кард. Мо ба муддати 29 рӯз дар қатторкуҳҳо зиндагӣ кардем ва фарҳанги меҳрубониву саховати мардуми тоҷику афғонро дидему ба саломат ба хона баргаштем”,-хулоса кардааст Зеб Блайс сафари се соли пешаш ба Тоҷикистон ва боздидаш аз пиряхи Федченкоро.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |