Ифтитоҳи мактаби 5-миллионӣ дар Бобоҷон Ғафуров
Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ ба вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳияи бинои нави мактабе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар хабар медиҳад, рӯзи 21 август дар ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ин минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, бинои ин мактаб бар ивази 5 миллион сомонӣ бунёд шуда, бо харҷи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин шудааст.
“Ин бино дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро бо таҳсил фаро мегирад. Инчунин, мактаб дорои толори варзишӣ бо ҷойҳои нишаст барои 100 нафар тамошобин ва ошхона бо 80 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин мактаб 45 омӯзгор фаъолият дорад, ки аз он 40 нафар занон ва 22 кас мутахассисони ҷавон мебошанд”,-мегӯяд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |