Умон, Фаластин ва Сингапур. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2014
Дар пайи қуръакашӣ рақибони тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои осиёӣ-2014, ки аз 14 сентябр то 4 октябр дар Инчхонеи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, маълум шуданд.
Мунтахаби Тоҷикистон шомили гуруҳи “С” шуда, бо яккачинҳои Умон, Фаластин ва Сингапур қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар мусобиқаи мазкур футболбозони то 23-сола иштирок хоҳанд кард (ҳар даста ҳақ дорад, се бозигари синаш бузургтаро ба ҳайати тим шомил созад). Бозиҳои осиёӣ имсол маротибаи 17-ум баргузор шуда, дар он 29 тими миллӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Натиҷаи қуръапартоӣ:
Гуруҳи “А”: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос.
Гуруҳи “B”: Узбакистон, Гонконг, Бангладеш, Афғонистон.
Гуруҳи “С”: Умон, Фаластин, Сингапур, ТОҶИКИСТОН.
Гуруҳи “D”: Ҷопон. Кувейт, Ироқ, Непал.
Гуруҳи “E”: Тайланд, Малдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия.
Гуруҳи “F” Ҷумҳурии Корея, Чин, Покистон.
Гуруҳи “G”: Аморати муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун.
Гуруҳи “Н”: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |