Тақозои Кумисюн барои ҷиноят эълон кардани бачабозӣ
Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон аз давлати ин кишвар хостааст, бачабозиро ҷиноят эълон карда, омилони онро ба додгоҳ кашад. Ин кумисюн аз афзоиши бачабозӣ дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфтааст, аз буҳрон дар сурате метавон раҳоӣ ёфт, ки мардум ба он вокуниши ҷиддӣ нишон диҳанду омилонаш дар пайгарди қонунӣ қарор гиранд.
Кумисюни ҳуқуқи башари Афғонистон далели афзоиши ин амалро адами ҳокимияти қонун, фасоди идорӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба додгоҳ, камбизоатӣ, ноамнӣ ва ҳузури гуруҳҳои мусаллаҳи ғайримасъул хондааст.
Ба иттилои ин ниҳод, аксари қурбониёнро ҷавонони аз 10 то 18-сола ташкил медиҳанд. Омилони онро афроди аз 30 то 40-сола хонда, гуфтааст, онҳое мебошанд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ мушкил надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |