Раҳмон аз аҳли маориф хост, сарфакориро ба шогирдон талқин кунанд
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи шикояти сокинони кишвар аз болоравии нархи маҳсулоти озуқа онҳоро ба сарфакорӣ даъват кард. Оқои Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд аз онҳо хост, то дар сарфаю сариштакорӣ намуна бошанду онро ба дигарон талқин кунанд.
Ӯ гуфт, “аз вазъи ҷаҳони имрӯза, хусусан хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа ва дигар равандҳои номусоид хуб хабар дореду дар чунин шароит, пеш аз ҳама, худи Шумо ҳамчун шахсони соҳибмаърифату огоҳ намунаи сарфаю сариштакорӣ бошед ва ин кори хайру муҳимро ба шогирдони худ ҳамеша талқин намоед.” Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома таъкид кард, сокинони кишвар бояд коре кунанд, ки сарфаю сариштакорӣ ба амалу одати доимии онҳо табдил ёбад.
Ин суханони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони вилояти Суғд аз болоравии нархи пиёз дар ин минтақаи кишвар нисбат ба соли гузашта тақрибан ба даҳ баробар нигаронӣ карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло нархи як кило пиёз дар бозорҳои вилояти Суғд аз 1,5 то 3 сомонӣ буда, ҳатто охирҳои ҳафтаи гузашта баробар ба 4 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле ки соли гузашта дар ин шабу рӯз нархи як кило пиёз дар қаламрави вилояти Суғд 30 то 40 дирамро ташкил медод.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 20 август ба вилояти Суғд рафт ва сафараш ба шимоли кишварро аз ифтитоҳи як меҳмонхона дар Чкалов оғоз бахшид. Меҳмонхонаи “Сипеҳр”, ки аз сӯи соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғдро ошноии бевоситаи ӯ “бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ” арзёбӣ намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |