Худкушии модари ду фарзанд дар кошонаи ҳусни "Фариде"
Маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба таҳқиқи худкушии зане машғуланд, ки дар дохили яке аз кошонаҳои ҳусни пойтахт худро ба дор овехтааст. Онҳо гуфтанд, тафтиш шурӯъ шуда, ҳанӯз иллати худкушии зан, ки аз ӯ Шаҳло Рустамхоҷаева ном бурда мешавад, маълум нест.
Ҳодисаи худовезии ин сокини Душанбе, ки соҳиби ду фарзанди кӯчак будааст, нисфирӯзи чоршанбеи 20 август дар дохили кошонаи ҳусни "Фариде", воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур (наздикии гардиши фурудгоҳ) иттифоқ уфтод. Чанд тан аз шоҳидон гуфтанд, ин зан солҳои охир дар ҳамин кошонаи ҳусн кор мекардааст ва қабл аз нисфирӯзӣ худро дохили он карда, дарро ба рӯи дигарон бастааст.
"Баъд аз он худро бо банд овехта куштааст",-нақл карданд мусоҳибони мо. Онҳо гуфтанд, вақте дарро бо азобе боз карданд, зан алакай ҷон бохта будааст. Акси аввал аз сайти Озодист
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |