Бахшҳо

Умеди Эмомалӣ Раҳмон аз рушди футбол дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд як толори бузург, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон таъкид кардааст, толору варзишгоҳ “туҳфаи арзишманде ба ҷавонону наврасони варзишгар дар соли футболи оммавӣ мебошад”.

Ба қавли манбаъ, масоҳати умумии толори варзишӣ, ки дар шаҳри Қайроққум ба истифода дода шуд, 1 ҳзаору 800 метри мураббаъ буда, баландиаш 18 метр мебошад. Ин толор барои гузарондани машқҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, волейбол, футболи толорӣ, кӯҳнавардӣ ва тенниси рӯи миз мувофиқ будааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як навраси футболбоз тӯб тақдим карда, изҳори боварӣ намудааст, дар самти футбол Тоҷикистон метавонад оянда рушди назаррас дошта бошад: “Зеро барои ин кор дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё мегардад ва ҷавонону наврасони мо ба он шавқу рағбати беандоза доранд”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи «Рухак»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи «Таҷ-Роуд» низ ба кор дароварда шудааст. Ин корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мебошад, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ “Сомонроҳ” бунёд ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Чкалов, ки яке аз марказҳои бузурги саноатии вилояти Суғд ба шумор меравад, бо иштироки оқои Раҳмон корхонаи аввалини нави «Элегант» доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулканӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 20 август ба вилояти Суғд рафт ва сафараш ба шимоли кишварро аз ифтитоҳи як меҳмонхона дар Чкалов оғоз бахшид. Меҳмонхонаи “Сипеҳр”, ки аз сӯи соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғдро ошноии бевоситаи ӯ “бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ” арзёбӣ намуда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)