Бахшҳо

Каромат Шарифов: Тазоҳуроти 100 000-нафарӣ алайҳи ғуломӣ мешавад, агар...

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, эҳтимоли гирдиҳамоии 100 000-нафарии муҳоҷирон дар шаҳри Маскавро баид надонистааст. Дар сурате ки, ба гуфтаи ӯ, “агар оҷилан вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба талаботи қонун мувофиқ накунанд”.

Оқои Шарифов аз он ки баъзе расонаҳои русӣ баргузории гирдиҳамоии 100 000-нафариро дар моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ кардаанд, норозигӣ карда, хабарнигоронро ба “воҳима” муттаҳам намудааст. Ӯ афзудааст, муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои риояи ҳуқуқашон бояд аз роҳи қонун кор бигиранд. “Барои ин, онҳо дар моҳи октябр ба Анҷуман даъват мешаванд ва дар он ҷо ба номи сохторҳои давлатии Русия ва Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард. Умед дорем, моро мешунаванд”. Вагарна, гуфтааст ӯ, “маҷбурем ба мақомоти Маскав барои баргузории тазоҳурот дархост фиристем.”

Ин дар ҳолест, ки субҳи 20 августи соли ҷорӣ нашрияи “Известия”-и Русия ба нақл аз раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик навишт, онҳо тасмим доранд, моҳи октябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии сад ҳазорнафариро баргузор кунанд. Далели ташкили тазоҳурот эътироз алайҳи “ғуломӣ” дар бозорҳои Русия унвон мешуд.

Каромат Шарифов дар сӯҳбат бо “Известия” афзудааст, корфармоёни рус аз нерӯву меҳнати муҳоҷирони тоҷик истифода карда, аммо дар иваз ҳақмуздашонро пардохт наменамоянд. “Дар 12 бозори Русия омили нақзи ҳуқуқи меҳнатии муҳоҷирони тоҷикро мушоҳида кардем, ки корфармоён бар замми надодани ҳақмузд, бо гирифтани аснод ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон монеи хуруҷи онҳо низ мешаванд”,-таъкид доштааст Шарифов.

Каромат Шарифов ҳафтаи гузашта бо сафаре ба Тоҷикистон омада, бо ирсоли номае ба раҳбарони Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии кишвар хост, ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия расидагӣ кунанд.
Мӯҳр
Саид
Ин огои Каромат бехабарст, ки холо Кумитаи амният бо ВКД то маъракаи интихоботи саргарми чамовари мулохои сексалисти ба ном гуё НАХЗАТИхо машгуланд! Оё аз ин хам мушкилии зиётаре хаст дар чомеаи мо?! Холо вакти мухочирони кори наомадааст барои он, ки хонадони худашон дар ороми хастанд!!!

Ya nestoronnik pravitelstvo, mne realno jal naroda, soograjdannikov, chto ix tak ispolzuyut v svoix korisnix celyax takie kak K. Sh. Da Gospodi, radi Boga uberite ego uje nakonecto. On krome kak yazikom potrewat nichego I nedelaet dlya migrantov. Nado delom zanyatsya a ne ustraivat Anwlag gospodin Sharipov. TOWNO uje ot vsex vas. Vam pered samim soboy ne stidno??? Skolkim migrantom vi pomogli do segodnewnego dnya??? Vawi blizkie znakomie I rodstvenniki ne vshet.

Каромат
Ин митингро ки хеч вакт баргузор намешвад ва дуруг аст, Каромат шарипов дар хамкори бо хукумат ва сафорати точик дар москва барои пешгири аз митинги мухолифони хукумати точик бар зиди хукумат овоза кардаанд.

Миёнчигар
Каромат биё Путину точикони мухочирда проблема насоз. Хозир Путина сарш вайронаи, караш мебияду мегат, ки аробатона бкашен аз ин чо. Баъд чо мени.Ягон рохи мирниша фикр кун.

Сарфароз
Салом алек Акаи Каромат ман шахсан худам дар бозори Садовод ки вокеъ дар шахри Москваи федерация Россия карор дорад кор ва фаъолият кардаам хам ба хайси фаррош ва посбон мо сари вакт маош мегирифтем аз тарафи рохбарияти бозор хамавакт дар хама проблемма дастгири медидем бо либосхои гарм таъмин мекарданд шукри худо хамон бозори Садовод буд ки мо сохиби хамаи чиз шудем монед хамон мухочирони бечораро ба холи худашон гарданд баъди митинги Шумо боз ними дигарашонро бо депорт мекнан Шумо хубтар чан нафар мухочироне ки тайи чан муддат дар спецприёмхо махкаман хамонхоро озод мекардед.

Азоби кино мо мекашем дар москва хар дар точикистон намекашад возвращение на родина мери мегири маблаг меситонан е мегуянд сахар е фардо бие хамаи инхо фитнаандозиянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)