Задухӯрд ва захмӣ шудани 20 тан барои сандуқҳои холӣ
Ҳангоми шумориши орои даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон дар Кумисюни мустақили интихоботи ин кишвар миёни иштирокдорон ва кормандони ин ниҳод задухӯрде ба миён омадааст.
Расонаҳои хабарии Афғонистон бо такя ба суханони намояндагони ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – номзади даври дуюми интихоботи президентии ин кишвар навиштаанд, дар ин задухӯрд ҳудуди 20 нафар захм бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ, вазъи ду нафари захмбардоштагон вахим арзёбӣ мешавад.
Тими Ислоҳот ва Ҳамгироӣ - ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ, ки аз сӯи ситоди интихоботии Ашрафғани Аҳмадзай - номзади дигари интихоботи президентии Афғонистон муттаҳам ба ин қазия шудааст, бо нашри изҳороте ин қазияро шарҳ дода, омили он будани намояндагони худро рад кардааст.
Дар изҳороти тими интихоботии Абдуллоҳ омадааст, ин задухӯрд дар робита ба 150 сандуқи холии раъйҳо ба миён омадааст. Ба навиштаи ин тим, болои сандуқҳои мазкур навишта шудааст, дар онҳо аз 580 то 600 раъй ба ҷонибдории Ашрафғанӣ Аҳмадзай вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, сандуқҳо холиянд.
Инчунин, тими Ислоҳот ва Ҳамгироӣ мегӯяд, афроди интиқолдиҳандаи ин сандуқҳо бо худ корти шиносоӣ надоштаанду қулфҳои сандуқҳоро шикастаанд, ки амали онҳо хилофи қонун буда, омили задухӯрд гаштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |